(АКС+ВИДЕО) Нишони Тоҷикистони шӯравиро барканданд
Нишон ё герби Тоҷикистони шӯравӣ аз маркази Душанбе канда шуд. Ба эҳтимоли зиёд онро шаби гузашта бардоштаанд.
Ҳанӯз тобистони имсол хабари тасмими баркандани нишони давлатии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонин расонаӣ шуд. Нуралӣ Саидзода, муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон 15 июл дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, “вақту соаташ расад, мо онро аз миён мебардорем”.
СУҲБАТИ НУРАЛӢ САИДЗОДА ДАР БОРАИ НИШОНИ ШУРАВӢ
Ба қавли масъулини кумита, Тоҷикистони соҳибистиқлол нишони худро дорад ва ба мавҷудияти як нишони дигар зарурат нест. Ин тасмим ба вокуниши сокинони Душанбе рӯбарӯ шуд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ даъват карданд, нишон ҳамчун як гӯшаи таърихи шӯравӣ бояд ҳифз карда шавад.
Аммо ахиран, Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе эълон кард, ҷойи сутун ва нишон гул нишонда мешавад. Қарор аст, нишон дар "Бунёди мусаввирии Тоҷикистон" нигаҳдорӣ шавад.
Нуқтае, ки дар он сутуни 22-метрӣ бо нишони Тоҷикистони шӯравӣ ба муносибати 20-солагии таъсиси Тоҷикистон шӯравӣ насб шудааст, маркази шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Он дар хиёбони Рӯдакӣ ва чанд метр дуртар аз бинои парлумон воқеъ аст.
Соли 2011 дар остонаи ҷашни 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар Душанбе зимни маросими ботантана, муҷтамаи Нишони давлатӣ ифтитоҳ гардид. Паҳнои нишони давлатии Тоҷикистон панҷ метр ва баландии сутунаш 45 метрро ташкил медиҳад.НИШОНИ ҶУМҲУРИИ ШӮРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН