Адолат Раҳмонова: Дар бораи овозаҳои гаравгон шуданаш, сулҳи тоҷикон ва ҳодисаҳои моҳи сентябр
Адолат Раҳмонова, яке аз сиёсатмадорони шинохтаи тоҷик дар солҳои 90-ум мегӯяд, бояд эътироф кард, ки дар расидан ба сулҳ ва ваҳдат нақши ду ҷониб хеле бориз буд. Ин нуктаро хонум Раҳмонова ҷумъаи 11 декабр дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” иброз дошт.
Ӯ гуфт, “вақти имзои Созишномаи сулҳ агар як ҷониб имзо мекарду ҷониби дигар зери он имзо намегузошт, магар ба ин дараҷа мерасидем? Албатта намерасидем”.
Адолат Раҳмонова дар идома аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ёд овард, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд: “Ҷавонмардии ҳамин одам дар он аст, ки аввалин суханаш ин буд, ки ба Тоҷикитстон сулҳ меоварам ва то охирон гурезаро берун аз марзи Тоҷикистон ба кишвар наорам, худамро ором ҳис намекунам. Ва дар як ҳолати вазнин барои гуфтушунид бо марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Афғонистон рафт”.
"ВАЗИФА НАГИРИФТАМ"
Вақте Адолат Раҳмонова аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ёд кард, аз ӯ пурсида шуд, ки он замон пешниҳодҳое буданд, ки раҳбарии ҳукумати Тоҷикистон бар души вай гузошта шавад? Хонум Раҳмонова гуфт, ба ӯ танҳо вазифаҳои вазири ҳифзи иҷтимоӣ ва раиси радио ва телевизионро пешниҳод карда буданд: “Ман гуфтам аз ҳама бештар тавассути телевизионҳо ман баромад кардаам ва агар вазифа бигирам, ҳама мегӯянд, ки на барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ, балки барои соҳиб шудан ба мансаб ҷонбозӣ кардааст. Ин фикр сабаб шуд, ки аз вазифаҳо даст кашам”.
Адолат Раҳмонова овозаҳо дар мавриди гаравгон ва мавриди хушунат қарор гирифтани худро дар солҳои навад рад кард. Хонум Раҳмонова гуфт, он ҳама сару садоҳо асоси воқеӣ надоштанд: “Вақте ҳамин овоза шуд, ман ҳамон вақт телевизион талаб карда, ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат кардам, ки ин гап дуруғ аст”.
Мардуми огоҳ мегӯянд, қабл аз шӯруи ҷанг овозаҳое паҳн гардид, ки Адолат Раҳмонова дар асорати гуруҳи мусаллаҳ афтидаву нисбати ӯ аз хушунат кор гирифта шудааст. Аммо ӯ мегӯяд, ҳарчанд бархеҳоро баромадаш тавассути телевизион хуш наомад, вале барояш гуфтани ҳақиқат муҳимтар буд: “Ман гуфтам, ки ҳеч гоҳ чизи дуруғро таҳаммул карда наметавонам. Ин гап дуруғ, чаро ман як одамро туҳмат кунам, ки маро гаравгон гирифтааст?”.
“БА ДУШАНБЕ НАРАВЕД”
Аз хонум Раҳмонова пурсида шуд, “замони “майдоншинӣ”- ҳо як гуруҳ аз Кӯлоб ба Душанбе омад ва то ҳанӯз гуфта мешавад, онҳо аз паси Адолат Раҳмонова омаданд. Ин токуҷо ҳақиқат дорад?” Ҷавоби ӯ чунин буд: “Вақте мо Данғара рафтем митинг шуд. Онҷо баромад карда гуфтам, ба Душанбе наравед, чунки онҳо силоҳ доранд, шумо чизе надоред”.
Ба иддаои Раҳмонова, ҳамаи суханҳояш аз ҷониби прокурори ноҳия саб шудааст. Мегӯяд, вақте бо гумони овардани мардум ба Душанбе нисбаташ парванда боз мекунанд, сабти мазкур исбот мекунад, ки мардумро барои пойтахт рафтан талқин накардааст: Ҳамеша илтиҷо мекардам, ки Душанбе наравед, чун шоҳид будем, ки дар Душанбе ҳама силоҳдор буданд ва ҳатто шабона маршировка мекарданд” .
Адолат Раҳмонова мегӯяд, ҷонибдори он нест, ки ҷавонон ба маҳкамаҳо кашида шаванд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ кушода шавад, зеро ба қавли вай ҷавонҳое, ки ба зиндон андохта мешаванд, пас аз раҳо шудан ба ҷамъият хизмат карда наметавонанд ва “ин зарбае ба пояи давлатдории мо аст”. Дар идома афзуд, “ҷонибдори онам, ки вазирони мо бисёр бомаданият, бофарҳанг бошанд, дилсӯз бошанд, коре кунанд, ки ҳаррӯз ба воситаи адои хизматашон дили садҳо нафарро ба давлат, ҳукумат, ҷаноби олӣ гарм кунанд. На инки бо як сухани дурушт, кибру ғурурашон мардумро аз ҳукумат дилхунук кунанд”.
"АЗ КОММУНИСТҲО НОРОЗИЯМ"
Адолат Раҳмонова, ки дар гузашта яке аз коммунистҳои фаъол буд, аз фаъолияти коммунистҳои имрӯз изҳори нигаронӣ кард: “Ман аз фаъолияти он ҳизбе, ки маро тарбият кард имрӯз норозӣ ҳастам. Тайи даҳ соли охир ягон ташаббусе нишон намедиҳанд, коре намекунанд, ки диққати ҷавононро ба худашон ҷалб кунанд, сафи худашонро аз ҳисоби ҷавонон пурра кунанд. Дар масоили иҷтимоӣ мавзӯеро бардоранд, ки ҷолиби диққат бошаду дилгармии мардумро ба худашон пайдо кунанд. Оҳиста-оҳиста сафи ин ҳизб пир шуда истодааст. Натиҷаи интихоботи гузашта нишон дод, ки ҳатто панҷ фоиз овоз нагирифтанд. Дар инҷо ҳизб гунаҳгор нест. Гунаҳгор роҳбариятаст, ки дар 10-15 соли охир дар ҳизб бе тағйирот нишастанд”.
Ин вакили пешини Шӯрои олӣ ба ҳодисаҳои ахири Тоҷикистон ҳам ишора кард. “Ин ҳодисаҳо як мактабест барои ҳамаи мо. Наход шахсе, ки дар мансаби баланди давлатӣ бошад, миллионҳо сум дошта бошад ва ин барояш камӣ карда, барои давлату миллати худ хиёнат кунад?”