Интиқоли 25 сокини водии Бартанг бо чархбол
25 тан аз сокинони водии Бартанг тавассути чархбол ба ҷои амн интиқол ёфтаанд. Дар ин бора Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилооту таҳлили Дастгоҳи раиси вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ба “Озодагон” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, аз ин теъдод 12 кӯдак, 4 бемор ва боқимонда афроди бесарпаноҳ мебошанд: “Маризон дар беморхона бистарӣ шуда, афроди дигар дар мактаб ва манзилҳои наздикони худ ҷо карда шуданд”.
Хонум Асламшоева афзуд, сарвазири кишвар -- Қоҳир Расулзода, вазири корҳои дохилӣ -- Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода -- Хайриддин Абдураҳимов, вазири энергетика ва захираҳои об -- Усмоналӣ Усмонзода ва вазири нақлиёт -- Шералӣ Ганҷалзода тавассути чархбол ба водии Бартанг рафтанд: “Он ҷо нахуст бо вазъи кӯли Сарез шинос шуда, баъдан бо аҳолии водии Бартанг мулоқот мекунанд”.