Назарпурсӣ: Русиягиҳо ба Э.Раҳмон кам эътимод доранд
Шаҳрвандони Русия баъди Пётр Порошенко, раисиҷумҳури Украина эътимоди аз ҳама камро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон доранд.
Ин нукта дар пайи назарпурсии Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори омма (ВЦИОМ) муайян шудааст, ки натиҷаҳояш 10-уми декабр нашр гардиданд. Тибқи ин назарпурсӣ эътимоди аз ҳама зиёдро шаҳрвандони Русия ба Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия (63%) ва Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон (45%) доранд. Пётр Парошенко, раисиҷумҳури Украина( камтар аз 1%) ва Эмомалӣ Раҳмон бо нишондоди 1% дар охири раддабандӣ қарор доранд.
Ба суол, ки шарики асосии Русияро дар ИДМ кадом кишвар медонанд, пурсидашудагон аввал Белорусия баъд Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбакистон, Гурҷистон, Молдова, Туркманистон, Тоҷикистон ва аз ҳама охир Украинаро ном бурдаанд.