Ҷоизаи “Одами сол”-и Назарбоев дар Русия
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар Русия барандаи ҷоизаи “Одами сол - 2015” дар бахши “Робитаи байналмилалӣ” шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии сафорати Қазоқистон дар Маскав хабар медиҳад.
Муассисони ҷоиза – Институти биографии рус ва Институти дурнамои иқтисодӣ – Назарбоевро ба хотири “дастовардҳои назаррас дар сиёсати байналмилалӣ ва тақвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё” ҷоиза додаанд.
Дар қатори соҳибҷоизаҳои соли 2015 ҳамчунин президенти Русия Владимир Путин, президенти Белорус Александр Лукашенко, президенти Хитой Си Ҷин Пин, роҳбари Куба Раул Кастро, патриархи Москав ва тамоми Русия Кирилл, филмсоз Никита Михалков ҷой доранд.