12 ҳазор аз Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд
Хадамоти федеролии муҳоҷират ё ФМС-и Русия гуфтааст, соли равон 12 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ин кишварро тарк кардааст.
Ба омори ин ниҳод, оғози соли равон теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ба сар мебурданд, ба як милилон мерасид, хабар медиҳад шабакаи телевизионии “МИР 24”. Аммо бо далели бесуботии вазъи иқтисодӣ ҳоло теъдоди бештари онҳо майл ба баргаштан доранд.
Ба иттилои манбаъ, тайи равон 100 тан аз олмонитаборон, ҳудуди 80 ҳазор амрикоӣ ва 70 ҳазор бритониёӣ Русияро тарк кардаанд. Ин ниҳод инчунин мегӯяд, 100 ҳазор шаҳрванди Узбакистон, 12 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон, 860 ҳазор украинӣ ва 20 ҳазор қирғиз ҳам аз Русия рафтаанд.