Э.Раҳмон гуфт, Тоҷикистон омода аст бо тамоми кишварҳо-бидуни истисно муносибатҳои дӯстӣ дошта бошад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни қабули эътимодномаи 8 сафири нави кишварҳои хориҷа дар Душанбе таъкид кардааст, аз фаъолияти дипломатии онҳо дар кишвар самараи неку назаррасро интизоранд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, рӯзи 10 декабр, сафирони кишварҳои Чин -- Ю Э Бин, Ҳиндустон -- Бираҷа Прасад, Литва -- Витаутас Наудужас, Латвия -- Эдгарс Бондарс, Испания -- Педро Хосе Санз Серрано, Филиппин -- Даниел Рамос Эспириту, Алҷазоир -- Носир Бушерит ва Гвинея -- Бангалӣ Диахабӣ эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим намудаанд.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки дар доираи сиёсати дарҳои боз Ҳукумати Тоҷикистон имкон дорад ва омода аст, бо тамоми кишварҳои дунё - бидуни истисно - муносибатҳои дӯстиву ҳамкории мутақобилан судманд дошта бошад.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо андешаронӣ карда, изҳори умед намудааст, ки сафирон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд: “Рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи муассир, авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими равобит бо кишварҳо, муносиботи сохторҳои соҳибкорӣ ва мақомоти давлатии Тоҷикистону кишварҳо аз масъалаҳои асосии суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони нав буд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, “Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид намуд, ки кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо, имрӯз дар сафи дӯстону шарикони давлату мардуми Тоҷикистон қарор доранд ва ин робитаҳо барои рушду таҳкими минбаъда майдони фарох доранд ва мо дар ин ҷода аз фаъолияти дипломатии Шумо, самараҳои неку назаррасро интизорем”.