Парлумон, “так держать!”
Абдулазизи ВОСЕЪ
Онҳое, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро барои хомушӣ ва камфаъолиятӣ ба боди интиқод мекашиданд, бояд ҳарфҳои худро бозпас бигиранд. Ҷаласаи ахири палатаи поёнии парлумон нишон дод, ки то чӣ ҳад вакилони мо гапдону суханваранд. Танҳо мавзӯъ бояд табъи дилашон бошад.
Ҳанӯз бо эълон шудани натоиҷи расмии интихоботи ахири парлумонӣ бархеҳо ҳадс заданд, ки акнун ҳамаи тарҳҳои пешниҳодшуда бечуну чаро ва бе “гапи зиёдатӣ” якдилона қабул мешавад. Ҳатто қисме онро “парлумони хомӯшон” ҳам ном бурданд. Воқеан дар ҷаласаҳои ин ниҳод хеле кам иттифоқ меафтад, ки вакилон ба нуқоте аз лоиҳаи пешниҳодгардида, эътироз кунанд ё ба он мухолифат нишон бидиҳанд. Танҳо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ин баҳсҳоро “гарм” нигоҳ медорад. Ба муаллифони лоиҳаҳо суолҳо медиҳад, пешниҳодҳояшро доир ба баъзе бандҳо ироа менамояд, тавсия медиҳад. Баъзан бархе раҳбарони вазорату идораҳоро барои бе сабаби узрнок ба ҷаласаҳо ҳозир нашуданд, “ҷанг” ҳам мекунад. Аммо вакилони мо дар пахш кардани тугмаи "тарафдор" устухон надоранд. Ҳамин ки тарҳи қонуне ба овоз гузошта шуд, дар экран 63 раъйи мусбат ё тарафдор пайдо мешавад. Тугмаҳои "Муқобил" ва "Бетараф" кайҳо аз "муд" баромадаанд. Ҳолатҳое ҳам мешавад, ки "тарафдор"-он 62-тоанд, аммо "бетараф"-у "муқобил" - 0 (сифр). Дар ин ҳолат ҳам Шукурҷон Зуҳуров вазъро ислоҳ карда мегӯяд, шояд тагмаи "тарафдор"-и кадом вакил аз кор мондааст...
Дар баррасии лоиҳаҳо ба ҷуз муаллифони тарҳу Шукурҷон Зуҳуров маъмулан ду ё се нафар сухан мегӯянду бас. Аммо ҷаласаи рӯзи чоршанбеи 9 декабр дар ин замина рекорд гузошт. Дар он рӯз, ки танҳо як мавзӯъ – тарҳи қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат” ба баррасии вакилон гузошта шуда буд, наздики 30 кас баромад кард. Хоҳишмандон барои сухан гуфтан бамаротиб бештар буданд. Ҳамин буд, ки вакили №1 гуфт, агар ҳамаи хоҳишмандон сухан кунанд, маҷбурем ҷаласаро се рӯз идома бидиҳем.
Бархе вакилоне он рӯз сухан гуфтанд, ки ба қавли хабарнигорони парлумонӣ дар ҳеч ҷаласаи дигар ҳатто ҳарфе ба забон наоварда буданд. Бори нахуст дар парлумон вакилон аз тарҳе бо шеър пуштибонӣ карданд. Намояндаи мардумие шеъри тоҷикӣ хонду илҳом ё нанги ҳамтои дигарашро овард, ки шеъри узбакӣ қироат кард. Агар Шукурҷон Зуҳуров ба хоҳишмандони дигар ҳам имкон медод, шояд шеърҳои инглисиву фаронсавӣ ё ҳеч набошад қирғизӣ ҳам мешунидем ва гуфтумони онрӯзии парлумон ба гӯши бештари сокинони Ҷиргатолу Мурғоб фаҳмотар мерасид.
Ин ҷаласа собит кард, ки палатаи поёнӣ “парлумони хомӯшон” нест, балки танҳо тарҳе лозим, ки вакилонро ба таҳрик биёрад. Ба иборати дигар, мавзӯе, ки ба завқашон ҳамхонии бештар дорад. Ҳоло ҳадс задан душвор аст, ки боз кай парлумон шоҳиди ин қадар “сергапӣ” мешавад, вале ба гумони ғолиб то пешниҳоди тарҳи “Доҳӣ” лоиҳаҳо боз аз рӯи формулаи се вакил+Зуҳуров амалӣ мегарданд.
Шояд хато мекунам...