Бартанг: Чархболҳо маҷруҳонро ба маркази Бадахшон меоранд
Чархболҳое, ки ба осебдидаҳои зилзилаи рӯзи 7 декабр ба водии Бартанг кумакҳои аввалия мебаранд, аснои бозгашт афроди аз заминларза захмбардошта ва ба табобати фаврӣ ниёздоштаро ба маркази вилояти Бадахшон интиқол медиҳанд.
Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилооту таҳлили Дастгоҳи раиси вилояти мухтори куҳистони Бадахшон имрӯз, 11 декабр ба “Озодагон” гуфт, бо беҳтар шудани вазъи ҳаво имрӯз нахустин чархболи ҳомили кумакҳо, ки чанд рӯзи ахир дар фурудгоҳи Рӯшон қарор дошт ба водии Бартанг расид. Ӯ гуфт, кумакҳо асосан аз, орд, шакар, равған, биринҷ макарон, либоси гарм ва доруворӣ иборатанд: “Ҳоло ду чархболи дигар омодаи парвоз аст”.
Заминларзаи шадиди рӯзи 7 декабр ба водии Бартанги Бадахшон хисороти зиёд ворид кард ва даҳҳо манзил хароб шуд. Бо баста шудани роҳ дар пайи сангрезаҳо имкони кумак ба зарардидаҳо номумкин шуд. Бар илова ҳавои номусоид монеи парвози чархбол ба ин минтақа гардид. Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар, рӯзи 9 декабр дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, бар асари заминларзаи рӯзи 7 декабр дар қаламрави вилояти Бадахшон 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд: “214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд. Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд”.
Шаҳлои Сарадбек, як сокини рустои Савноб дар водии Бартанг рӯзи 10 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, мардуми ин деҳа бо далели шамоли сард маҷбур шуданд, шаби гузаштаро дар хонаҳои худ рӯз кунанд, ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, аз зилзилҳо шадидан нигаронӣ ва тарс доранд. Ӯ мегӯяд, “он ду шаби аввали баъди зилзилаи шадид ҳам, ки дар хаймаҳо рӯз кардем, барф меборид”.