Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз
ҶУМЪА. 11 декабр - 345-умин рӯзи сол. То поёни сол 20 рӯзи дигар монда
+Адолат Раҳмонова, яке аз сиёсатмадорони матраҳ дар замони оғози истиқлоли Тоҷикистон дар маҳфили навбатии Фонди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар мавзӯи “Дар роҳи сулҳ” суханронӣ хоҳад кард.
Ин маҳфил ҷумъаи 11 декабр, соати 16:00 дар Маркази савдои “Пойтахт”, ошёнаи 5 (кӯчаи Турсунзода, 45) баргузор мегардад.
* Даниил Айропетянс (1892 – 1962) – оҳангсоз, мутриб, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон;
* Клавдия Бал (1923 – 1967) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
* Гурий Иванов (1914-1991)- ҳайкалтарош;
* Калмиков Евгений (1908 – 1976) – доктори илми биологӣ, профессор, * Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;
* Николай Кислюков (1901-1973)- доктори илми таърих;
* Владимир Кормилин (1931) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
* Оразмеҳр (Xумъаназар Эшонқулов) (1973)- шоир;
* Ҳалим Сангинов (1952) – коргардони ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон;
* ШарафниссСодиқова о (1934)- актрисаи театр;
* Абдулвоҳид Ҳасанов (1920-1988)- арбоби давлатӣ;
* Алишер Зарифӣ (1987) - журналист;
* Муҳиддини Олимпур, аккос ва хабарнигори тоҷик 20-сол қабл дар ҳамин рӯз тавассути афроде мусаллаҳ дар шаҳри Душанбе ба қатл расид. Ӯ аз аввалин хабарнигорони тоҷике буд, ки дар оғози даҳаи 1990 бо радиёи форсии Би-би-сӣ ҳамкорӣ мекард ва то рӯзи маргаш барои ин радиё аз Тоҷикистон гузориш медод.
# Рӯзи байналмилалии куҳҳо;
# Рӯзи байналмилалии рақси танго;
= Тоҷикистон узви Бонки рушди АвруОсиё шуд, 2008;
= Таъсисёбии ЮНИСЕФ, 1946;
^ Шаҳри Душанбе. Абрӣ. Шабона барф меборад. Шамол аз самти Ғарб 0-5 м/с. Ҳарорат: шабона 4-6 гарм, рӯзона 0-2 гарм;
^ Навоҳии тобеи марказ. Абрӣ. Шабона барф меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2-7 гарм, рӯзона -2+3 гарм, дар баландкуҳҳо шабона 7-12 хунук рӯзона 0-5 гарм;
^ Шаҳри Қӯрғонтеппа. Абрӣ. Шабона барф меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7м/с. Ҳарорат: шабона 2-4 гарм, рӯзона -1+4 гарм;
Вилояти Хатлон. Абрӣ. Шабона барф меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7м/с.Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6, рӯзона 0-5 гарм, дар доманакуҳҳо шабона -1+4, рӯзона -2+3, гарм;
^ Шаҳри Хуҷанд. Абрӣ. Шабона барф меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 2-4 гарм, рӯзона -1+1 гарм;
Вилояти Суғд. Абрӣ. Шабона барф меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6, рӯзона -1+4 гарм, дар куҳҳо шабона аз 10-15 гарм, рӯзона 1-6 гарм;
^ Шаҳри Хоруғ. Абрӣ. Шабона барф меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 6-8 хунук, рӯзона 2-4 гарм;
^ Ноҳияи Мурғоб. Абрӣ. Барф меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 17-19 хунук, рӯзона 7-9;
ВМКБ. Абрӣ. Шабона барф меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар ҒВМКБ шабона 5-10 хунук, рӯзона 0-5 гарм, дар ШВМКБ шабона аз 16-21 хунук, рӯзона 5-10 хунук.
Маълумот аз торнамои meteo.tj
1 доллар 6.8030сомонӣ
1 ЕВРО 7.4377
10 рубли русӣ 0,1025
1 манати Озарбойҷон 6.4697
1000 риёли Эрон 0.2279
10 тангаи Қазоқистон 0,2201
10 соми Қирғизистон 0,8966
1 юани Чин 1,0582
1 динори Қувайт 20,4137
1 манати нави Туркманистон 1,9437
1 лири Туркия 2,3314
100 суми Узбакистон 0,2460
Маъмулот аз торнамои nbt.tj