(АКС+ВИДЕО) Мардон барои мубориза алайҳи хушунат нисбати занҳо дастбакор шуданд
Дар Тоҷикистон бори нахуст маъракаи ба даст кардани лентаи сафед, ки рамзи ҳамрайъии мардон дар мубориза алайҳи зӯроварӣ нисбати занҳо аст, роҳандозӣ шуд.
Маъракаи мазкурро, ки таҳти унвони “Воридшавии мардон ба мубориза бо зӯроварӣ алайҳи занон” имрӯз, 10 декабр дар Душанбе баргузор шуд, Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси палатаи поёнии парлумон ифтитоҳ кард. Ӯ гуфт, барои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва хушунат парлумони Тоҷикистон як силсила қонунҳоро қабул кардааст. Хонум Юсуфӣ ба дастони ҳамаи 17 марде, ки бо намояндагӣ аз аҳзоби сиёсӣ дар ин маърака ҳузур доштанд, лентаҳои сафед баст.
Бастани лентаи сафед ҳамчун рамзи ҳамрайъии мардон дар мубориза бо хушунату зӯроварӣ нисбати занҳо баъди дар як донишгоҳи Канада ба қатл расидани 14 донишҷӯдухтар дар соли 1991 ба ҳукми анъана даромадааст. Ба омори расмӣ ҳоло дар бештар аз 60 кишвари дунё ин анъана анҷом мешавад. Тоҷикистон бори нахуст ба ин маърака пайваст.
Афзалшоҳи Шодӣ, роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки яке аз иштирокчиҳои чорабинӣ буд, дар суҳбат ба "Озодагон" гуфт, ҳеч вақт набояд нисбати занҳо зӯроварӣ шавад: “Занон дар оила бо нигоҳубини хона ва фарзандон машғуланд ва болои ин агар марде нисбати зани худ зуроварӣ кунад, пас он мард бадбахт аст”.
Ӯ гуфт, ният дорад дар Филармонияи давлатӣ барномаеро барои мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила роҳандозӣ кунад: “Агар мо ба қадри модару зан бирасему онҳоро эҳтиром карда тавонем, ҳеч вақт занҳо бо роҳи бад намераванд ва мавриди сарзаниши мардон қарор намегиранд. Ин ҳама аз мард вобаста аст. Агар мард тавонад ба қадри зан бирасад, агар як мард ба зану духтари дигар нафар хиёнат накунад, албатта зану духтари ӯ низ мавриди эҳтиром қарор мегиранд”.
Рустам Латипов, роҳбари Ҳизби аграрии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд бори аввал дар чунин як маърака ширкат намуд, вале барояш хеле писанд омад. Ӯ афзуд, “чунин чорабиниҳо сабаб мешаванд, то бори дигар таваҷҷуҳи мардум нисбати занҳо бештар шавад: “Бояд кушиш кунем, ки санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки қабул шудаанд, дар амал татбиқ гарданд”.
Весна Иванович-Кастареде, сардори шӯъбаи демократикунонии Раёсати ченаки инсони САҲА дар ин чорабинӣ гуфт, дар дунё 98 дарсади занон мавриди хушунат қарор гирифта, тибқи таҳлилҳои ҷаҳонӣ аз 3 зан як нафараш бо зӯроварӣ рӯбарӯ мешавад.