Ҳамдардии Непал дар робита ба заминҷунбӣ дар Бартанг
Ҳукумати Непал дар робита ба заминҷунбии 7-уми декабр дар Бадахшон, ки талафоти ҷонию моддӣ дар пай дошт, ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Торнамои расмии Вазорати корҳои хориҷии Непал номаи ҳамдардии ҳукумати ин кишварро нашр кардааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Ҳукумати Непал ҳамдардии амиқи худро ба ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба заминларзаи шадиди 7 уми декабр ва аз даст рафтани ҷону моли мардум баён мекунад. Дар ин ҳолати ҳузнангез ҳукумати Непал ҳамбастагӣ ва ҳамдардии худро ба мардум ва ҳукумати Тоҷикистон иброз мекунад”.
Ҳамадардии Непал дар ҳолест, ки ин кишвар худаш низ моҳи апрели соли равон аз заминларзаи шадид хисороти зиёди молию ҷонӣ дид. Дар Тоҷикистон водии Бартанг, минтақаи асосии зарардида бо гузашти се рӯз ҳанӯз ҳам дар муҳосира қарор дораду роҳи мошингард ва ҳавоӣ ба маҳали осебдида баста мебошад.