АКС: Гиряи Занҷонӣ баъди шунидани ҳукми дӯсташ
Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ рӯзи 9 декабр дар 21-умин мурофиаи додгоҳии худ гиря кардааст.
Ашкҳои Бобак Занҷонӣ дар ҳоле рехтаанд, ки Абулқосим Салавотӣ, қозии додгоҳ яке аз мутаҳҳамони қазияи Занҷониро маҳкум кард.
Қозии додгоҳ ин мутаҳҳами радифи дуввуми парвандаи Занҷониро ба иттиҳоми мушорикат дар зарар ба низоми иқтисодии Эрон, мушорикат дар қаллобӣ аз ширкати нафтии “НК” ба маблағи 1.2 миллиард евро, мушорикат дар қаллобӣ аз созмони таъмини иҷтимоӣ, мушорикат дар пулшӯӣ ба маблғи 148 миллиарду 138 миллиону 748 ҳазору 569 риёл гунаҳкор донистааст.
Шарики маҳкумшудаи Занҷонӣ пас аз ин иттиҳомот дар дифои худ гуфтааст: “Қариб ба 30 сол дар яке аз истротежиктарин созмонҳои низом кор кардам ва ҳудуди 4 сол фармондеҳи амалиётии гурдонҳо дар ҷабҳа будам. Борҳо дар ҷабҳа маҷруҳ шудам ва ҷонбоз ҳастаму ҳамсарам низ хоҳари шаҳид аст”.
Бобак Занҷонӣ пас аз шунидани ҳукми додгоҳ мутаассир шуда ба гиря даромадааст. Бобак Занҷонӣ, аз сармоядорони эронӣ аст, ки ширкатҳои “Kont group Tajikistan”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” дар Тоҷикистон ба ӯ нисбат дода мешавад. Аз ӯ ба унвони дӯсти бархе мансабдорҳои тоҷик ҳам ном мебурданд. Занҷонӣ 30 декабри соли 2013 дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Ӯ 31 октябр ҳангоми мурофиаи додгоҳиаш дар шӯъбаи 15-и Додгоҳи инқилобии Эрон изҳор доштааст, дар Тоҷикистон дастгоҳи пурқуввати электроние дорад, ки пулиси тоҷик аз он истифода мебарад. Баъдан, ин миллиардери эронӣ дар мурофиа 2 ноябр иддао кард, дар Тоҷикистон “Ситӣ Сентр” дорад, ки метавонад ба ивази қарзҳояш ба ширкати нафтии “НК” диҳад. Аммо, Ғуломҳусайн Содиқӣ, вакили мудофеи ширкати нафтии “HK”, ки Бобак Занҷонӣ аз он 1 милиарду 427 миллиону 500 ҳазор евро қарздор аст, иддаои ӯро рад кард. Ин вакили мудофеъ изҳор дошта, “Ситӣ Сентр”, ки Занҷонӣ иддао карда буд дар Тоҷикистон дорад, “як тикка замини кандашуда аст”.