Душанбе мизбони ҳамоиши минтақавӣ оид ба тағири иқлим мешавад
Аз 14 то 17-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе созмони ҳамкорӣ ва амният дар Аврупо (САҲА) ва агентии экологии Аврупо аз рӯи масъалаи тарҳрезии мавзӯи «Оқибати тағири иқлим барои об, энергетика, кишоварзӣ ва амнияти Осиёи Марказӣ» семинар баргузор мекунад.
Ба хабаргузории «Озодагон» аз марказӣ матбуотии САҲА дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ки дар чорабинӣ намояндагону корпшиносон аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин кормандони созмонҳои байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, намояндагони аҳли тиҷорат ва сиёсатмадорон ширкат мекунанд.{jathumbnail off}