Ҳимояти бунёдгузори Facebook аз ҳуқуқи мусалмонҳо
Асосгузори шабакаи иҷтимоии Facebook ва яке аз сарватмандтарин нафарони сайёра -- Марк Зукерберг аз мусалмонҳо ҳимоят кардааст.
Марк Зукерберг дар сафҳаи фейсбукаш навишта, “мехоҳам аз ҳимояи ҳуқуқи мусалмонон дар кишвари худам ва дар саросари ҷаҳон сухан кунам. Ман тасаввур мекунам, ки баъди ҳамлаи Порис мусалмонон чи қадар фишорҳоро аз сар мегузаронанд. Онҳо метарсанд, ки барои амалкарди дигарон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.
Ин миллиардери 31-сола дар идома илова кардааст: “Агар шумо мусалмонед, мехоҳам ба шумо аз номи бунёдгузори Facebook бигӯям, ки ҳамеша инҷо аз диданатон хушҳолем ва омодаем барои ҳуқуқҳои шумо мубориза барем ва барои шумо муҳити бехатару осоишта фароҳам оварем”.
Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба интихоботи президентии Амрико 7 декабр изҳор дошт, то замоне ки мақомот вазъи феълии ИМА-ро дақиқан баррасӣ карда натавонанд, бояд вуруди мусалмонон ба кишвар ба таври қатъӣ манъ шавад. Ӯ гуфт, мамнӯияти вуруди мусулмонон бояд то замоне боқӣ бимонад, ки намояндагони Амрико маълум кунанд, дар ин кишвар чӣ мегузарад.
Изҳороти Зукерберг дар ҳолест, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҳимоят аз ҳуқуқи инсонҳо таҷлил мешавад. Соли 1948 дар ҳамин рӯз Эъломияи ҳуқуқи башар қабул шуда буд.