Нигина Амонқулова: Ман дар “рӯйхати сиёҳ” нестам
Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик сару садоҳо дар бораи ба “рӯйхати сиёҳ” ворид шуданашро овозаҳои беасос хонд.
Ӯ имрӯз, 10 декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳарфҳое, ки гӯиё таронаҳояш тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш намешаванд, ҳақиқат надоранд: “Ин гапҳо ҳама дурӯғ аст. Мардум ба ҳар гап гӯш надиҳад. Дар ҷодаи мо ингуна овозаҳо зиёданд, аз ин рӯ набояд касе ба ин гапҳо дода шавад”.
Масъулони Кумитаи телевизион ва радио низ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, барои пахш нашудани клипҳои Нигина Амонқулова ҳеч дастуре нест.
Мавҷудияти “рӯйхати сиёҳ” дар телевизионҳои давлатӣ гапи нав набуда, гуфта мешавад, таронаҳои сарояндаҳое, ки исмашон дар ин рӯйхат ҳаст, ба эфир роҳ намеёбанд. Сару садоҳое ҳам буд, ки бештари хонандаҳои шинохта низ шомили ин рӯйхатанд. Аммо масъулини шабакаҳои телевизионии давлатӣ ҳамеша иддаои вуҷуди чунин як рӯйхатро рад кардаанд. Моҳи январи соли равон Лутфулло Давлат, раҳбари пешини “Телевизиони Сафина” дар як нишасти хабарӣ эълон кард, сабаби пахш нашудани таронаҳои бархе овозхонҳо ин аст, ки онҳо сурудҳояшонро барои пахш ба шабака пешниҳод накардаанд.