Тундбод дар Сирдарё боиси ҳалокати моҳигирон шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, баъди зуҳри 9-уми декабр дар пайи шамоли сахт қаиқи моҳигирони тоҷик дар дарёи Сир чаппа шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод 9-уми декабр тахминан соати 15:00 Юлдошев Абдувалӣ соли таваллудаш 1982, Эргашев Охунҷон соли таваллудаш 1981, Имомов Акрамҷон соли таваллудаш 1983 ва Тухтасунов Набиҷон соли таваллудаш 1981, сокинони деҳаи Хуҷамбердиеви ноҳияи Ашт барои моҳигирӣ ба мавзеи “Етти-Теппа”-и ҷамоати деҳоти Ошоба рафтаанд: “Юлдошев Абдувалӣ, Эргашев Охунҷон. ва Имомов Акрамҷон бо қаиқи резинӣ вориди дарёи “Сир” шудаанд, ки ногаҳон шамоли сахт вазида, мавҷи дарё қаиқи онҳоро чаппа намудааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, дар пайи чаппа шудани қаиқ шаҳрвандон Юлдошев ва Эргашев дар дарё ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд: “Ҷасади Юлдошев дарёфт карда шуда, барои дарёфти ҷасади Эргешев чорабиниҳо идома доранд”.