Тасмими милисаҳо барои кумак ба осебдидаҳои Бадахшон
Ҳайати шахсии мақомоти умури дохилии Тоҷикистон эълон кардаанд, ба зарардидаҳои заминларзаи рӯзи 7 декабр дар Бадахшон кумаки молӣ хоҳанд кард.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, ҳайати шахсӣ дар суҳбат бо Рамазон Раҳимзода аз кушода шудани суратҳисоб барои осебдидаҳои Бадахшон пуштибонӣ карда, гуфтаанд, ба он маблағи муайян хоҳанд гузаронд.
Дидори генерал Раҳимзода бо сардорони раёсат ва ҷузъу томҳои мақомоти умури дохилӣ, имрӯз, 10 декабр баргузор шуда, бино ба хабари манбаъ, дар он “масъалаи расонидани кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ дар вилояти Бадахшон ва бартараф намудани оқибатҳои он” баррасӣ шудааст: “Кормандони милитсия аз лаҳзаҳои аввали рух додани ҳодисаи табиӣ бо мардуми мавзеъҳои зарардида дар робитаи зич қарор дошта, дар бартараф намудани оқибатҳои заминларза онҳоро кӯмаку дастгирӣ менамоянд”.