Бартанг: Аз пиёдаравии раиси вилоят то супориши халифа
Шодихон Ҷамшедов, раиси вилояти Бадахшон соати 3-и шаби гузашта худашро пойи пиёда ба рустои Савноб дар водии Бартанг, ки аз зилзилаи шадиди рӯзи 7 декабр зарар дидааст, расондааст.
Шаҳлои Сарадбек, як сокини ин русто дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “раиси вилоят аз деҳаи мо ба рустои Барчидев ва аз он ҷо ба Ғудара меравад”.
Ин дар ҳолест, ки бо далели хуб набудани боду ҳаво чархболи ҳомили кумакҳо ба зарардидагони зилзила наметавонад ба водии Бартанг бирасад.
Ба гуфтаи хонум Сарадбек, дар деҳаи Рошорв бо супориши халифа гуруҳи ихтиёрӣ ташкил шуда, ба деҳаи офатзадаи Нисур ҳар рӯз пиёда ва бо хар ғизо интиқол мешавад.
Дар ҳамин ҳол, сокинони водии Бартанг мегӯянд, дар минтақаи ноҳияи Рӯшон ҳанӯз зилзилаҳо эҳсос мешаванд. Ба гуфтаи Шаҳло Сарадбек, мардуми деҳаи Савноб бо далели шамоли сард маҷбур шуданд, шаби гузаштаро дар хонаҳои худ рӯз кунанд, ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, аз зилзилҳо шадидан нигаронӣ ва тарс доранд. Ӯ мегӯяд, “он ду шаби аввали баъди зилзилаи шадид ҳам, ки дар хаймаҳо рӯз кардем, барф меборид”.
Дар пайи заминларзаи рӯзи 7 декабр дар қаламрави вилояти Бадахшон ду нафар ҷони худро аз даст дода, даҳҳо тани дигар маҷруҳ шуданд. Қоҳир Расулзода, нахуствазири кишвар, дирӯз 9 декабр дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, бар асари заминларзаи рӯзи 7 декабр дар қаламрави вилояти Бадахшон 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд: “214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд. Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд”.