Ифшои камбудиҳо дар саррофиҳои бонки Пиров ва Алимардон
Додситонии кулли Тоҷикистон дар саррофиҳои марбут ба “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”, ки роҳбарияшонро Тоҷиддин Пиров ва Муродалӣ Алимардон ба уҳда доранд, камбудиҳо ошкор кардааст.
Тибқи иттилои Бонки Миллӣ дар пайи санҷиши муштарак бо додситонӣ дар 5 нуқтаи мубодилаи асъори “Тоҷиксодиротбонк” ва 1 нуқтаи мубодилаи асъори “Агроинвестбонк” ҳолатҳои ҳаннотӣ ошкор шудаанд: “Аз ҷумла долларро нисбати меъёри муайянкардаи бонк баландтар харидорӣ мекардаанд. Инчунин надоштани китоби бақайдгирӣ, ба расмият надаровардани ҳисоботҳо ва бешомади хазина муайян карда шуд”.
Ба иттилои манбаъ нисбати 2 нуқтаи мубодилаи асъор парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, мавод нисбати чор нуқтаи мубодилаи асъор дар айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар пайи санҷишҳои муштарак бо Оҷонсии зидди коррупсия камбудиҳои ҷиддии 12 нуқтаҳои мубодилаи асъорро, аз ҷумла “Ориёнбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк”, “Агроинвестбонк”, “Соҳибкорбонк” ва ТАҚХ “Васлат”-ро ошкор кардааст.