(ВИДЕО) А.Холиқзода: Қонуни “Пешвои миллат” ҳаракат сӯи диктатура нест
Абдураҳим Холиқзода, вакили парлумон ва раҳбари пешини Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, қабули қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат", ки ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар расман унвони “Пешвои миллат” дод, “ягон хел ҳаракат ба сӯи диктатура нест”.
Оқои Холиқзода имрӯз, 9 декабр баъд аз он ки вакилон якдилона аз тарҳи қонуни мазкур пуштибонӣ карданд, ба хабарнигорон гуфт, “бо вуҷуди он ҳама хизматҳои таърихие, ки роҳбари давлат кардаанд, ин қонун барои шахсият нест. Барои давлату давлатдории муосири тоҷикон, таъмини истиқлолияти давлатдорӣ мебошад”.
Ин вакили парлумон, ки яке аз муаллифони тарҳи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" мебошад, мегӯяд, доштани Пешвои миллат аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё гирифта шудааст, ки шахсиятҳое дар бунёди давлатдориашон нақши таърихӣ бозидаанд: “Агар таърихи 300-солаи давлатҳои демократию муосирро нигоҳ кунем, ҳанӯз аз Шататҳои муттаҳидаи Амрико сар карда, дар кулли давлатҳои мутамаддин шахсиятҳое дар саргаҳи ин давлатҳо истодаанд, ки онҳо дар бунёди давлатҳо нақши таърихӣ бозидаанд. Мо метавонем мисол биёрем ҳам Покистонро, ҳам Ҳиндустон, ҳам Туркияву Қазоқистонро”.
Абдураҳим Холиқзода афзуд, “президенти кишвар барои миллат ва мардуми Тоҷикистон хизмати таърихие кардаанд, ки қадршиносии он фикр мекунам ба арзишҳои демократӣ мухолифат надорад”. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки бархе мунақидон қабули ин қонунро қадаме сӯи диктатура медонанд, гуфт: “Ин ягон хел ҳаракат ба сӯи диктатура нест”.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 9 декабр лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат"-ро ба тасвиб расонд. Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден ва ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба низом дароварда шудаанд.