Гузориши сарвазир ба Президент: 835 хона осеб дидааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 9 декабр дар робита ба бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар Бадахшон ҷаласаи ҳукумат баргузор намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар оғози ҷаласа сарвазир Қоҳир Расулзода гузориш дод, ки дар қаламрави вилояти Бадахшон 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд: “ 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд. Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд”.
Расулзода афзудааст, ки бошандагони ҳамаи 237 хонаи пурра харобшуда дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Зимни ҷаласаи ҳукумат зикр шудааст, тоза кардани роҳҳо аз сангу шағал муташаккилона ба роҳ монда шудааст ва давоми се рӯзи оянда ҳамаи роҳҳо пурра тоза карда мешаванд: “Комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ шабу рӯз фаъоланд”.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш додаст, ки дар мавзеъҳои бехавф барои бунёди маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ҷойҳо муайян карда шаванд, то ки аз баҳору тобистони соли оянда мардум ба бунёди хонаҳои нави худ оғоз намоянд. Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва дигар ашёи талаботи ҳаррӯза дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бояд фаровон захира карда шавад.
“Чархболҳо низ барои расондани кумакҳои фаврӣ ва интиқол додани одамон ба ҷойҳои бехавф дар мавзеъҳои наздик ба ноҳияҳои аз заминларза осебдида ҳамеша омода бошанд”,- таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.