Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми таҳияи асноди қалбакӣ дар Русия
Вазорати умури дохилии Русия аз боздошти 8 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Миёна, бо шумули табааи Тоҷикистон хабар дод, ки дар омода намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои ин ниҳод, шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон ба ташкили муҳоҷирати ғайрирасмӣ машғул будаанд: “Онҳо дар ҳудуди Русия ҳуҷҷатҳои қалбакии патент, шаҳодатномаи ронандагӣ ва шиносномаро барои муҳоҷирон омода мекардаанд”.
Ташкилкунандаи ин тиҷорати ғайриқонунӣ шаҳрванди 38-солаи Узбакистон гуфта мешавад, ки дар кишвараш барои фиребгарӣ дар кофтукоб қарор доштааст.
ВУД-и Русия мегӯяд, пулис алъон танҳо ҳашт аъзои ин гуруҳро боздошт кардааст. Дар пайи санҷиш маълум гардида, ҳамаи ҳуҷҷатҳои онҳо тақалубӣ аст: “Онҳо як биноро иҷора гирифта, онро чун дафтари корӣ истифода мебурдаанд”.
Ба иттилои манбаъ, пулис аз ин утоқ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, аз ҷумла бланка барои асноди муҳоҷират, муҳру штамп, факс-имейлҳо бо имзои шахсони мансабдор, компютер, як миқдор маблағ ва дигар таҷҳизот пайдо карданд.