"Ошкоро": Ду мактуби тақдирсоз рӯи ҷасади Ленин
Нуралӣ ДАВЛАТ
ҚИСМАТИ АВВАЛ
НЕСТ БОД КОРХОНАИ АККУМУЛЯТОРБАРОРӢ
Омили дуюме, ки дар ташкили “Ошкоро” нақш бозид, мубориза алайҳи сохтмони корхонаи аккумуляторӣ дар шаҳри Кӯлоб буд. Дар ин раванд як гуруҳ аъзоёни ояндаи ин созмон нақш бозиданд, аз ҷумла, Қурбон Зардаков, Рустам Абдураҳимов ва Маталӣ. Ин корхона бояд яке аз корхонаҳои муҳимтарини саноатӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб мешуд. Тарҳи он дар Госплани СССР тасдиқ шуда ва барои сохтмонаш 3 миллион сӯм ҷудо шуда буд. Тибқи қарор ин корхонаи аккумуляторӣ бояд дар Украина сохта мешуд, вале раиси шаҳри Кӯлоб Мақсуд Икромов бо ёрии як ҳамкурсаш, ки дар Маскав кор мекард, онро аз дасти украинҳо кашида мегирад.
Ба қавли М.Камолов, раиси Бонки Кӯлоб, ки бо Икромов шиносҳои хуб буданд, қабл аз парвоз ба Маскав Икромов аз ӯ хоҳиш мекунад, ки нома ва лоиҳаи корхонаи аккумуляториро ба ҳамон ҳамкурсаш расонад. Раиси бонк ин хоҳишро иҷро мекунад ва муддате нагузашта М. Икромов аз Тоҷикистон ба ӯ занг зада, табрикаш мекунад ва мегӯяд, ки лоиҳаро Маскав маъқул шуморида аст, бинобарин корхона дар Кӯлоб бунёд мешавад.
Маҳалли сохтмони корхонаи аккумуляторӣ наздикии заводи хишти шаҳри Кӯлоб интихоб шуд. Директори он Тоҳирхон Ғозиев таъин гашта, таҳкурсиаш (котлован) низ рехта мешавад. Дар ҳамин марҳилаи сохтмон, дар соли 1988 мубориза муқобили корхонаи аккумуляторӣ оғоз меёбад. Аввал овозаҳо паҳн мешаванд, ки он аз лиҳози экологӣ зараровар буда, мардуми Кӯлоб ва муҳити атрофро заҳролуд мекунад. Ҳамин тариқ, овозаҳо паҳн гаштанду ахиран як теъдод равшанфикрон ва нафарони соҳибобрӯ ба роҳбарияти вилоят расман муроҷиат карда, талаб пеш гузоштанд, ки сохтмони корхонаи аккумуляторӣ дар шаҳри Кӯлоб қатъ шавад.
Мухолифони сохтмон иддао доштанд, ки маҳаллаи Тебалай, онҷое, ки бояд корхонаи акукумуляторӣ қомат меафрохт, минтақаи вазиши шамол буда, аз ин рӯ, бодпартовҳои онро ба шаҳри Кӯлоб бурда, сокинони онро заҳролуд мекунад. Далели дуюм ин буд, ки он минтақаи саргаҳи оби нӯшидании шаҳри Кӯлоб ҳисоб ёфта, имкон дошт, ки партовҳои корхонаи аккумуляторӣ ин манбаъро заҳролуд кунанд. Аммо ба қавли Зариф Шамс, яке аз фаъолони созмони “Ошкоро” ба сохтмони корхона ба он хотир мухолифат карданд, ки тибқи нақша бояд аккумуляторҳоро баъди истеҳсолшуданашон ба Исфара бурда, дар онҷо заряд медоданд.
МУБОРИЗОН ДАР “ОШКОРО”
Созмони “Ошкоро” бо ташаббуси шоири маҳаллӣ Сафармуҳаммад Аюбӣ таъсис ёфт, аммо ӯ баъди чанд моҳи фаъолият канор рафт. Сабаби аслии канор рафтани ӯро ҳаргуна шарҳ медиҳанд, вале дақиқ маълум нест, ки кадом фарзияаш дуруст аст. Мираҳмади Амиршо, хабарнигори рӯзномаи маҳалли “Роҳи ленинӣ”, ки аксар чорабиниҳои “Ошкоро”-ро пӯшиши хабарӣ додааст, мегӯяд, ташаббускорони аслии ин созмон шоир ва журналист Сафармуҳаммад Аюбӣ ва коргардони театр Мирзоватан Миров буданд. Ба қавли ӯ, вақте ки дар вохӯрӣ аъзои “Ошкоро” Қ. Маҳкамов ваъда кард, ки собиқ вилояти Кӯлобро барқарор карда, фарзанди ҳамин диёр С.Мирозошоевро роҳбар таъин мекунанд, С.Аюбӣ ва М.Миров созмонро тарк карданд.
Тибқи фарзияи дигар, Аюбӣ дар яке аз ҷаласаҳо Ватан Фозиловро ба вазифаи котиби маъсули созмони “Ошкоро” пешниҳод мекунад. Чунон ки шоҳидон мегӯянд, ӯ хатмкардаи факултаи забони русӣ ва шахси донишманд буд ва дар Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлоб фаъолият дошт, вале азбаски В. Фозилов хоҳарзодаи худи Аюбӣ буд, бархе раиси “Ошкоро”-ро ба хешу таборчигӣ айбдор мекунанд. Аюбӣ баъди шунидани ин иттиҳом дар қаҳр шуда, ба нишони эътироз ҷаласаро тарк карда, баромада меравад. Пас аз ин, аъзои Раёсати созмони “Ошкоро” Рустам Абдураҳимовро, ки муовин буд, раис интихоб мекунанд. Рустам Абдураҳимов хатмкунандаи факултаи забони англисӣ буд ва наздики 20 сол ба ҳайси муаллими ин фан дар мактаби №6-и шаҳри Кӯлоб дарс мегуфт, вале берун аз Кӯлоб ӯро бештар ба ҳайси як думранавози моҳир мешинохтанд.
Тибқи фарзияи сеюм аз Маскав номаи расмӣ мерасад, ки дар он гуфта шуда буд, ки аъзои Иттиҳодияи нависандагони СССР ҳуқуқи роҳбарӣ кардани созмонҳои сиёсиро надоранд, аз ин рӯ, Аюбӣ аз раисии “Ошкоро” истеъфо медиҳад. Дар ин созмон, гуфтан мумкин аст, ки ду ва ё дақиқтараш се гурӯҳ ҷамъ омада буданд. Гурӯҳи якум ҷабрдидаҳо буданд, ки онҳоро дар вилояти Кӯлоб аз қабл ҳамчун муборизони роҳи ҳақиқату адолат мешинохтанд. Ба ин гурӯҳ чанд нафар, аз ҷумла Гул Шеров, Қурбон Асадуллоев, Бӯрихон Салимов, Раҷаб Маҳмадов, Бобо Исломов, муаллим Бегов (аз ноҳияи Фархор) Зариф Шамсов шомил мешуданд. Азбаски инҳо дар тӯли чандин соли мубориза адолатро дар Тоҷикистон пайдо накарда буданд, роҳи Маскавро пеш мегиранд. Бар хилофи таваққӯашон дар инҷо низ ягон вазиру кабир ҳозир намешавад, ки арзу додашонро бишнавад. Дар фурудгоҳи Маскав онҳо тасодуфан бо арманидухтаре шинос мешаванд, ки аз имтиҳони дохилшавӣ ба яке аз мактабҳои олӣ ғалтида, ба хонаашон бармегашт. Инҳо ба ӯ пешниҳод мекунанд, ки арзу шикояташонро ба номи Ленин, асосгузори давлати шӯравӣ ба забони русӣ нависад. Арманидухтар розӣ мешавад. Ҷабрдидаҳои тоҷик ба Мавзолей медароянд ва Гул Шеров мактубро болои ҷасади Ленин мегузорад. Кормандони амниятии Мавзолей фавран ӯро боздошт мекунад. Шикояти Г. Шеров аз он иборат буд, ки баъди 6 моҳи беморӣ, вақте ки ба корхона бармегардад, ӯро аз кор ихтисор карда буданд.
Ҳамин тариқ, ба дунболи ӯ ҳамроҳонаш низ боздошт мешаванд ва онҳоро ба назди раиси КГБ-и СССР Андропов меоранд. Ӯ арзашонро шунида, ҳамон лаҳза ба роҳбари Тоҷикистон Ҷаббор Расулов занг мезанад ва дархост мекунад, ки арзу шикояти гурӯҳи 6-нафараро воқеъбинона баррасӣ кунанд.
Ҳамин тариқ, ҳақ ба ҳақдор мерасад, аммо азбаски онҳо муборизаи худро барои таъмини адлу адолат дар минтақаи Кӯлоб идома медоданд, ҳокимони давр аз паи қасосгирифтан мешаванд.
Муддате нагузашта яке аз чеҳраҳои асосии гурӯҳ Г. Шеровро маҷбуран боздошт намуда, дар беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) – Кӯктош мехобонанд. Ӯ чанд моҳи умри худро дар миёни девонаҳо сипарӣ мекунад. Зани Гул Шеров ба ин ноҳаққӣ тоб наоварда, ҳамроҳи чанд кӯдаки хурдсолаш ба Маскав рафта, болои ҷасади Ленин номаи нав мепартояд. Ӯро ҳамроҳи кӯдаконаш ба назди раиси КГБ-и СССР Андропов мебаранд. Баъди шунидани қиссаи талхи ин зани тоҷик Андропов супориш медиҳад, ки Г. Шеров аз девонахона озод карда шавад. Баъди баромадан ба озодӣ ӯ ба Маскав рафта, экпертиза гузашта, исбот мекунад, ки ягон хел бемории рӯҳӣ надорад. Ва вақте ки ташаббускорони “Ошкоро” дар фикри ташкили созмон мешаванд, Г. Шеровро шомили гурӯхи худ мекунанд, вале баъди як сол ҳамкории худро бо он барои ҳамеша қатъ мекунад.
Ба гурӯхи дуюм равшанфикрони маҳаллӣ, аз ҷумла Сафармуҳаммад Аюбӣ, Рустам Абдураҳимов, Музаффар Азизов, Ҷонибеки Асрориён, ва ғ. Шомил мешуданд. Вақте ки раиси созмон Рустам Абдураҳимов бо ҳукуматдорон наздик шуда, соҳиби мансабу мошини хизматӣ мешавад, аксари эшон ҳам аз созмони “Ошкоро” фосила мегиранд. Раванди дуршавии равшанфикрон аз созмони мазкур баъди интишори барқия ё телеграммаи Р. Абдураҳимов ба роҳбарони ГКЧП-и Маскав дар тобистони соли 1991 сурат гирифт. Ин нукта ҳам бояд зикр гардад, ки дар дохили созмони “Ошкоро” манфиатхоҳону манфиатҷӯён кам набуданд. Инҳо дар миёни ҳар ду гурӯҳ буданд. Азбаски худи Р. Абдураҳимов низ соҳиби вазифаву курсӣ ва мошини хизматӣ гардид, ӯро низ ба ҳамин гурӯҳ шомил карданд.
МАҚСАДҲОИ “ОШКОРО”
Тибқи Оинномаи “Ошкоро”, “ҳар гражданине, ки дилаш барои халқи худ месӯзад, ҳуқуқ дорад, ки аъзои комитет шавад”. Аз ин рӯ, колхозчиҳо, коргарон, зиёиён ва шахсони муваққатан бекор метавонистанд аъзои ин созмон шаванд. Дар ин санад зикр мегардид, ки созмони “Ошкоро” мақсад дошт дар ташаккули афкори сиёсӣ ва фарҳангии сокинони ноҳияи Кӯлоб ва татбиқи вазифаҳое, ки съезди 27-уми ҲКИШ доир ба бозсозӣ гузошта буд, саҳм бигузорад.
Ҳамчунин “Ошкоро” худро ҷонибдори бозсозии умумихалқӣ, инкишоф ва рушди забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ дар ноҳияи Кӯлоб эълон мекунад ва иддао пеш меорад, ки дар халли масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва экологӣ дар минтақа бидуни таъхир сахм бигузорад. Бо дарназардошти масъалаҳои зикргардида созмон дар назди худ як чанд вазифаи мушаххас мегузорад, аз ҷумла:
-дар заминаи васеи демократӣ ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии минтақаи Кӯлоб ба роҳ монда шавад;
-ҳуқуқи инсонҳо ҳимоя ва ошкорбаёнӣ дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ рушд дода шаванд;
-муқобили ҳамагуна беадолатӣ муборизаи беамон бурда шавад, аз ҷумла зидди фиребгарӣ, порагирӣ, ҳаннотӣ, ҳамчунин касоне, ки дар “корҳои сиёҳ” даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд;
-омӯзиши мероси фарҳангӣ ва таърихи гузаштагон, рушди забони тоҷикӣ ва таҷлили идҳои миллӣ;
-ҳимояи манфиатҳои минтақаи Кӯлоб дар сатҳи вилоят, ҷумҳурӣ ва тамоми Иттиҳоди шӯравӣ;
-барои қонеъ гардондани талаботи сокинони шаҳр, минтақа ва вилоят пеш аз ҳама сарватҳои табиӣ, канданиҳои фоиданок истифода гардад.
Тибқи муқаррарот касоне узви комитети “Ошкоро” шуда метавонистанд, ки Оиннома ва Барномаи онро эътироф намуда, аъзоҳаққӣ супоранд, рафтори хуб дошта бошанд ва фаъолона дар татбиқи вазифаҳое, ки дар назди созмон гузошта шудаанд, саҳм гузорад. Узвият ихтиёрӣ буд ва касоне, ки ба синни 18 мерасидаанд, бо тавсияи як аъзо пазируфта мешуданд, аммо касоне, ки ба фаъолияти комитети “Ошкоро” халал мерасонанд, аз ҳайати он бароварда мешуданд. Принсипи асосии кори “Ошкоро” сентрализми демократӣ эълон шуда, ҳар як узви он метавонист андешаҳои худро озодона иброз дорад.
Органи олии созмон маҷлиси умумӣ буд, ки дар як сол якбор бояд даъват мегардид. Ин маҷлис ҳуқуқ дошт, ки Шӯрои созмонро интихоб ва тасдиқ кунад. Шӯро ҳамчунинвазифадор буд, ки мақсаду вазифаҳои созмони “Ошкоро”-ро муайян намояд, ба Барномаву Оиннома тағйирот ворид кунад ва вазифаҳои баҳсноки дохилиро ҳал кунад. Дар байни маҷлисҳои солонаи умумӣ Шӯрои комитет фаъолият мекард, ки вазифаҳои зерин ба ӯхдааш вогузошта шуда буданд:
-интихоби муовинҳо, роҳбарони шӯъбаҳо, котибони масъул ва раиси Шӯро;
-иҷрои корҳои ҳаррӯза ва қарорҳои маҷлисҳои умумӣ;
-таъмини аъзои комитет дар ҷаласаҳои мақомоти давлатӣ;
-ҳамкорӣ бо дигар комитетҳо, кружокҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар минтақа;
-расондани иттилоот ба сокинони шаҳри Кӯлоб доир ба фаъолияти комитет;
-расондани хулосаи пешниҳодҳои заҳматкашон ба мақомоти ҷумҳурӣ.
“Ошкоро” билети узвият надошт, бинобар ин, дар мавриди теъдоди дақиқи аъзои он чизе гуфтан мушкил аст. Ба ҳар сурат, бархе огоҳон иддао мекунанд, ки созмон наздики 40 фаъоли доимӣ дошт.
(Давом дорад)