Корафтода: Беморхона ҳоҷатхона надошт, дар сатил қазои ҳоҷат мекарданд... (АКС)
Як сокини Душанбе мегӯяд, вазъи беморхонаи ноҳиявии Шаҳритус ӯро қариб дар ҳолати шок гузошт.
Зебо Авазова, як истиқоматкунандаи пойтахт мегӯяд, вақте дар ноҳияи Шаҳритус дар меҳмонӣ қарор доштанд, якбора саломатии хоҳараш бад шуд ва ӯро ба беморхонаи ноҳиявии бурданд. Ба қавли ӯ, пизишкон тавсия додаанд, ки бояд хоҳараш фавран ҷарроҳӣ шавад. Хонум Авазова афзуд, беморхонаи ноҳиявӣ хеле дар ҳолати бад қарор дошта, ҳатто обу ҳоҷатхона надорад: “Як ҳафта ҳамроҳи хоҳарам онҷо будам. Беморхона дуошёна буда, дари ҳоҷатхонааш ҳамеша баста аст. Барои беморон “санитаркаҳо” сатил меоранд, то қазои ҳоҷат кунанд. Кормандони беморхона бошанд, дар гирду атрофи беморхона қазои ҳоҷат мекунанд. Дар беруни бино як ҳоҷатхона аст, аммо эҳтиёҷмандонро даромадан намегузоранд. Мегӯянд, ифлос мекунед”.
Ӯ мегӯяд, беморхона ба таъмири фаврӣ ниёз дорад, “ҳатто обашро нушида намешавад. На ҷойи дасту рӯшӯйӣ ҳаст ва на корҳои санитарӣ риоя мешуд. Як ҳафта азоб кашидем. Аз “качалка” дар бақлашкаҳо об меовардем, зери онҳо қуму лой ҷамъ мешуд”.
Аммо Зебо Авазова аз муносибати пизишкон тавсиф карда гуфт, барои ҷароҳӣ аз онҳо пул нахостаанд ва бо меҳрубонӣ бо маризон суҳбат мекунанд, дар ҳоле ки ҳақмузди ночиз мегиранд: “Як ҳамшираи шафқат ба ман гуфт, ки ҳамагӣ 300 сомонӣ маош дорад, вале 100 сомонии онро барои корҳои ободонӣ “мегардонанд”. Тасаввур кунед, ки 200 сомонӣ барои як нафаре, ки 3-4 фарзанд дорад, чӣ мешавад? Боз дар ин шароити вазнин кор мекунанд”.
Ҳаймурод Холмуродов, сардухтури беморхонаи ноҳияивии Шаҳритус дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “бино солҳои 60-ум сохта шуда, охирин маротиба соли 1999 таъмир шудааст. Мо шароите надорем, ки биноро таъмир кунем”.
Дар ҳамин ҳол, Абдулмаҷид Зоидов, ёрдамчии раиси ноҳияи Шаҳритус ба “Озодагон” гуфт, ҳукумат ба беморхонаи мазкур кумак мерасонад: “Мо назорат мебарем”. Чанд акси зерро хонум Авазова аз беморхонаи мазкур бардоштааст