Дар бозори “Корвон” зану мардро бо иттиҳоми дуздӣ боздошт кардаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар хабар дод, ки бо иттиҳоми дуздӣ дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ин ду нафар, ки яке мард ва дигарӣ зан ҳастанд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир шудаанд. ВУД мегӯяд, боздоштшудаи аввал зани 45-солаи сокини Ҳисор мебошад, ки 26 ноябр, тахминан соати 15:30 бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо 1230 сомонӣ ва ҷавоҳироти нуқрагин, ҷамъ ба маблағи 3980 сомониро дуздида, ғайб задааст.
Нафари дуюм марди 32-солаи сокини ноҳияи Фархор будааст, ки 29 ноябр, тахминан соати 13:00 дар бозори “Корвон” аз ҷайби зани 46-солаи сокини шаҳри Ваҳдат 12000 рубли русиро дуздидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ду ҳодисаи дуздӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.