Бег Сабур ба курсии раҳбари Федератсияи бокс нишаст
Бег Сабур, раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, раиси Федератсияи бокс интихоб шудааст. Дар ин курсӣ то рӯзи гузашта Бобоҷон Маҳмадрасулов такя мезад, ки акнун ба ҳайси дабири кулли ин федератсия фаъолият хоҳад кард.
Интихоби оқои Сабур дар конфронси Федератсияи бокси Тоҷикистон сурат гирифт, ки 7 декабр дар Кумитаи миллии олимпӣ баргузор шуд.
Бег Сабур ба вакилони конфронс барномаи кори федератсияро пешниҳод кардааст, ки дар он таъкид шуда, ба рушди бокс дар кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.