Ҳалокати ронандаи Дулан дар пайи заминларза
Дар пайи заминҷунбии зуҳри имрӯз аз куҳ сангҳо канда шуда, ба боркаши Дулан бархӯрдаанд. Дар натиҷа ронандаи он ҷароҳат бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нилуфар Асламшоева, як масъули дастгоҳи раиси вилояти Бадахшони куҳӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин воқеа дар километри 462-уми роҳи Душанбе-Хоруғ-минтақаи Ванҷ ба вуқӯъ пайвастааст: “Дар натиҷаи фаромадани санг ду мошини дигар ҳам зарар дидаанд, аммо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”.
Ба иттилои ӯ, баъди фаромадани сангпораҳо бархе аз қитъаҳои роҳ банд шуда, Хадамоти нигоҳдории роҳҳои вилоят барои бартараф кардани он сафарбар шудаанд.