(АКС+САДО) Заминҷунбӣ: Ҷароҳати як сокини Ғудара ва тарс аз ларзишҳои такрорӣ
Сокинони вилояти мухтори Бадахшон мегӯянд, заминларзаи зуҳри имрӯз хисоротҳоеро дар пай дошт.
Зикруллоҳ Тоирбеков, сокини деҳаи Рошорви водии Бартанг дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба иттилои ӯ рустоҳои Нисор, Ғудара, Барчид ва Рухчи водӣ аз заминларза осеб бардоштаанд: “Дар деҳаи Нисор чанд синфхонаи як мактаб пурра ва бархе синфхонаҳои он қисман хароб шудаанд. Инчунин бунгоҳи тиббӣ ва чанд манзили истиқоматӣ осеб дидааст. Дар Ғудара як нафар ҳангоми аз хона берун шудан, захми сабук бардоштааст”.
Ӯ мегӯяд, дар зодгоҳаш як манзил ба тамом валангор шуда, деворҳои чанд хонаи дигар кафидаанд: “Одамон аз тарси заминларзаҳои такрорӣ дар берун қарор доранд. Ларзиши замин ҳанӯз идома дорад. Мардум мегӯянд, агар ба ин минвол идома ёбад, шабро дар хаймаҳо рӯз мекунанд”.
Тоирбеков афзуд, бар асари заминларза як неругоҳи хурди обӣ аз кор мондааст. Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, ҳоло дар роҳ ба сӯи Бадахшон қарор дорад, аммо дар мавриди заминларза бо муовин ва ниҳодҳои марбути ноҳия дар тамос шудааст. Ба қавли ӯ, заминҷунбӣ хисороти ҷонӣ надорад: “Чанд деҳа хисорот дида, як нафар ҳам маҷруҳ шудааст. Мегӯянд дасташ шикастааст. Гуруҳи корӣ ва мошини Ёрии таъҷилӣ сафарбар шудаанд”.
САДОИ РАИСИ НОҲИЯИ РУШОН
Тақрибан соати 12:50-и имрӯз, 7 декабр дар Тоҷикистон замин ҷунбид. Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон шиддати заминларзаро дар маркази он 7,2 балл гуфтанд. Ба иттилои манбаъ, ноҳияи Мурғоби Бадахшони Куҳӣ наздиктарин минтақаи ба маркази заминҷунбӣ наздик аст: “Он дар 87 километрии шарқи маркази заминларза ҷойгир мебошад”.
Дар ҳамин ҳол, аз Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, зилзила дар 357 километрии ҷанубу-шарқи Душанбе ба вуқӯъ пайваста, иқтидори он дар пойтахт 3-4 балл ва маркази он 7-8 баллро ташкил додааст. Ба иттилои манбаъ, шиддати такони замин дар атрофи кӯли Сарез, ки 22 километр дуртар аз маркази заминларза ҷойгир аст, 5-6 дараҷа будааст.
Бар пояи маълумотҳои ғайрирасмӣ бархе аз манзилҳои истиқоматии сокинони навоҳии Мурғобу Бартанг аз зилзила осеб дидаанд. Аз фаромадани як куҳпора ҳам хабар мерасад. Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Бадахшони куҳӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло гуруҳи корӣ таъсис гардида, ба ин ду ноҳия фиристода шудааст. Дар ҳамин ҳол Додихудо Сайнаков, раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯшон ба "Озодагон" гуфт, гуруҳи кориро Исрор Исроров, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон раҳбарӣ мекунад: "Ба ин гуруҳ кормандони идораи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Рӯшон ва вилоят шомиланд. Муовини аввали раиси ноҳия ҳам дар ин ҳайат ҳаст. Ҳанӯз дар мавриди хисорот гузориш нашудааст".
Аксҳо аз рустои Сипонҷ