Додгоҳ мусофири саркашро панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард
Напардохтани роҳкиро ва дар ин замина сар задани муноқиша миёни мусофир ва ронанда як сокини шаҳри Душанберо барои 5 сол ба кунҷи зиндон бурдааст.
Бино ба иттилои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, Хоким Холмуродович ба кирокаш нишаста, аз пардохти роҳкиро ба ронанда -- Муҳаммадризои Давлатзода саркашӣ кардааст. Манбаъ мегӯяд, ӯ “тартиботи ҷамъиятиро зиёда аз 20 дақиқа дағалона вайрон намудааст”.
Ба иттилои манбаъ, рафиқи ронанда Темур Хоҷаев ба баҳс ҳамроҳ шуда, талош мекунад, ки муноқишаро ором созад: “Дар натиҷа судшаванда ба ғазаб омада, ҳаракатҳои авбошонаи худро идома дода, бо корди дар даст доштааш, як зарба ба пои чапи Хоҷаев Темур зада, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида Хоҷаев аз зарбаи халандаи буранда зарари сабук ба саломатӣ бардоштааст”.
Додгоҳ Ҳоким Холмуродовичро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 237 қисми 3, банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста, ӯро 5 сол равонаи зиндони низомаш умумӣ кардааст.