Ҷунбиши замин дар Душанбе 4 ва дар Бадахшон 6 дараҷа будааст (НАВШУДА)
Тоҷикистониён шиддати заминларзаро эҳсос карданд.
Тақрибан соати 12:50 дар Тоҷикистон замин ҷунбид. Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон мегӯянд, шиддати заминларза дар маркази он 7,2 баллро ташкил додааст. Ба иттилои манбаъ, ноҳияи Мурғоби Бадахшони Куҳӣ наздиктарин минтақаи ба маркази заминҷунбӣ наздик аст: “Он дар 87 километрии шарқи маркази заминларза ҷойгир мебошад”.
Аз Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, зилзила дар 357 километрии ҷанубу-шарқи Душанбе ба вуқӯъ пайваста, иқтидори он дар пойтахт 3-4 балл ва маркази он 7-8 баллро ташкил додааст. Ба иттилои манбаъ, шиддати такони замин дар атрофи кӯли Сарез, ки 22 километр дуртар аз маркази заминларза ҷойгир аст, 5-6 дараҷа будааст.
Бар пояи маълумотҳои ғайрирасмӣ бархе аз манзилҳои истиқоматии сокинони навоҳии Мурғобу Бартанг аз зилзила осеб дидаанд. Аз фаромадани як куҳпора ҳам хабар мерасад. Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Бадахшони куҳӣ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло гуруҳи корӣ таъсис гардида, ба ин ду ноҳия фиристода шудааст. Дар ҳамин ҳол Додихудо Сайнаков, раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯшон ба "Озодагон" гуфт, гуруҳи кориро Исрор Исроров, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон раҳбарӣ мекунад: "Ба ин гуруҳ кормандони идораи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Рӯшон ва вилоят шомиланд. Муовини аввали раиси ноҳия ҳам дар ин ҳайат ҳаст. Ҳанӯз дар мавриди хисорот гузориш нашудааст".