Сайфулло Сафаров: ДИИШ “Давлати иблисӣ” ва “Ҳокимияти Шайтон” аст
Муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”-ро “Давлати иблисӣ” ва “Ҳокимияти Шайтон” хондааст.
Сайфулло Сафаров аснои суханронӣ дар конфаронси минтақавии “Ифротгароии динӣ дар Осиёи Миёна: афсона ва воқеият” гуфтааст, суоли асосие, ки ҳама мехоҳанд ҷавоби онро пайдо кунанд ин аст, ки ДИИШ ҳеч рабте ба Ислом, ба Муҳаммад (с), ба Аллоҳ ва ба китоби муқаддаси Қуръон надорад. Ӯ дар идома таъкид карда, ин созмон “чизе шабеҳи “Давлати иблисӣ” ва “Ҳокимияти Шайтон” мебошад”.
Оқои Сафаров, ҳадафи ДИИШ сохтани давлат дар Ховари Миёна ё роҳандозии як ҳаракати сиёсӣ алайҳи Ислом ва мусулмонон мебошад.
Конфронси мазкур ҳамин ҳоло дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо ҳузури коршиносони тоҷик, Парвиз Муллоҷонов, Нуриддин Қаршибоев, Бахтиёр Раҳмонов ва Сайфулло Сафаров идома дорад.
Муовини маркази роҳбурдии Тоҷикистон дар суханронии худ омилҳои пайвастани ҷавонони Осиёи Марказӣ ба гуруҳҳои ифротӣ, аз ҷумла ДИИШ-ро набуди дониши динӣ, муҳоҷират, фақри иҷтимоӣ, сатҳи пасти фаҳанги сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва рӯшангарӣ гуфтааст. Ӯ бо такя ба омори Маркази байналмилалии таҳқиқи ифротгароӣ ва хушунати сиёсӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ҷангҳои Ироқу Сурия дар соли 2015, 417 нафар ҳисоб кардааст.
Сайфулло Сафаров ба зарурати тарғиботи саросарӣ алайҳи марказҳои террористӣ миёни мардум ишора карда, тавсия додааст, дар донишгоҳҳо, мадрасаҳо ва дигар марказҳои омӯзишӣ дар бораи гуруҳҳои таблиғотии гуруҳҳои террористӣ тавзеҳ дода шавад. Ӯ инчунин ба беҳбуд бахшидани технология дар мубориза бо гурруҳҳои фаъол дар минтақа таъкид кардааст.