14 соли зиндон барои ҷонибдорӣ аз ДИИШ ва ҷалби зану шавҳар ба Сурия
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Рустам Негматов, як сокини пойтахтро бо ҷурми “ҷонибдорӣ аз ғояҳои гуруҳи террорстии “Давлати Исломӣ” ва ҷалби шаҳрвандон ба ин созмон” 14 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Рустам Негматов бо маслиҳати пешакӣ бо афроди дигар ғояҳои ифротгароии “ДИИШ”-ро ҷонибдорӣ намуда, ба ҷалб ва гусел намудани шаҳрвандон барои ширкат дар муқовиматҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ дар давлати Сурия машғул шудааст. Манбаъ мегӯяд, маҳкумшуда солҳои 2014-2015 бо бародараш Акбар Негматов, ки ҳоло дар Сурия аст, мунтазам ҳамсуҳбат шуда, бо роҳи тарғибу ташвиқ намудан сокинони шаҳри Душанбе -Давлатов Давлатшоҳ ва ҳамсари ӯ -- Олимзод Суман Раҷабалиро барои “ҷиҳод” дар давлати Сурия ҷалб намуда, нақшаи тавассути роҳи “Душанбе-Ҷиргатол-ОШ-Туркия-Сурия” бурдани онҳоро таҳрезӣ намудааст: “Бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки худ ӯ ба Давлатов Д. Б. ва Олимзод С.Р. барои омода намудани шиносномаҳои хориҷӣ кумак расонида, барои хароҷоти роҳ 300 доллари ИМА дода, шаби 11 июли соли 2015 Давлатов Д.Б.-ро, ки дар шаҳри Душанбе ҷои зист дорад дар хонаи истиқоматии худаш ҷойи хоб дода, 12 июли соли 2015 зану шавҳарро бо роҳи қаблан таҳрезӣ кардаашон тавассути гузаргоҳи Гулистон дар самти Ҷумҳурии Қирғизистон барои рафтан ба давлати Сурия равон кардааст, ки Давлатов Д.Б. ҳоло дар давлати Сурия ғайриқонунӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок намуда истодааст”.
Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд Рустам Негматов ба хотири дур шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қасдан ҳолатҳои аслии содиркунии ҷиноятро пинҳон доштааст, вале гунаҳгории ӯ дар рафти мурофиаи судӣ дар содир намудани ҷиноят пурра исботи худро ёфтааст: “Ҷиҳати нишон додани бегуноҳии судшаванда аз ҷониби модараш Саидова Муҳаббат Ғаюровна дар рафти мурофиаи судӣ ду навори видеоии Давлатов Давлатшоҳ Баҳодурович, ки аз суханаш тариқи сомонаи “Вотсап” дастраси ӯ шудааст, пешниҳод гардид. Навори якум санаи 5 октябри соли 2015 соати 10:06 ва навори дуюм санаи 9.10.2015 соати 02:32 ирсол шудаанд. Дар он воқеан Давлатов Д.Б. муроҷиат намуда гуфтаааст, ки ихтиёран ба давлати Сурия омадааст ва Н Р.С. гуноҳе надорад. Наворҳои мазкур пас аз дастгир шудани Негматов С.Р. сабт гардидаанд. Суд чунин мешуморад, ки ташаббусгари сабт ва ирсоли он бародари судшаванда Негматов Акбар Саидович, ки худ дар Сурия дар амалиётҳои мусаллаҳона ғайриқонунӣ иштирок дорад, шудааст ва он зери назорати ин нафар анҷом дода шудааст. Аз навори якум бармеояд, ки пас аз ба итмом расидани сухангӯӣ ба луқмапартоии нафаре берун аз навор Давлатов Д.Б. иброз медорад, ки “ҳамаашро гуфт”. Ин ҳолат гувоҳи онро мекунад, ки он зери назорати нафарони ҳамроҳаш буда анҷом дода шудааст. Худ ҳолати он, ки аз маҳбас шудани Н Р.С. Давлатов Д.Б. огоҳӣ дорад исботи онро мекунад, ки хабари маҳбас шуданро модари судшаванда ба фарзандаш дар Сурия Негматов А.С. гуфтааст ва охирон ин наворҳоро ташкил кардааст ва бинобар суд онҳоро ҳамчун исботи бегуноҳии судшаванда қабул намекунад”.
Ба иттилои манбаъ, Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Рустам Негматовро бо дастрасии моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор ҳисобида, ба муҳлати 14 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт ҳукм баровард.