Ирсоли тарҳи қонуни “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” барои қабул ба парлумон
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 7 декабр лоиҳаи қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро баррасӣ ва онро барои қабул ба ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон ирсол кардааст.
Муҳамадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, лоиҳаи қонуни мазкурро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода баррасӣ намуда, гуфтааст, "лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ атрофии ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таҳия ва пешниҳод гардидааст”.
Ба иттилои манбаъ, ин лоиҳа аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар он мафҳуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, салоҳиятҳо, орден ва ҷоизаи давлатӣ, дахлнопазирӣ ва кафолатҳои амнияту таъминоти иҷтимоии Пешвои миллат ба низом дароварда шудаанд.
Оқои Султонов афзуд, Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат"-ро баъд аз баррасӣ ба иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум, ки рӯзи чоршанбе (9 декабр) баргузор мегардад, пешниҳод намудаанд.
23 моҳи рафта низ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” баррасӣ гардида буд. Он вақт гуфта шуд, лоиҳаи мазкур барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ирсол гардидааст.
Пешниҳоди пешвои миллат унвон додани Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли равон аз сӯи Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон садо дода буд. Онҳо дар як матлаб ба арзёбии нақш ва рисолати пешво дар тӯли таърих пардохта, шахсиятҳое аз қабили Рузвелт, Дэн Сяопин, Ли Куан ва Махатхир Муҳаммадро пешвоҳои муваффақи миллӣ хонда, Эмомалӣ Раҳмонро ҳам аз қабили онҳо донистаанд: “Саргузашти пешвои мо дар оғоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳаст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад”.
Баъди чанд рӯз, як гуруҳ аз донишмандон, бо шумули Бобоҷон Самиев, Рамазон Назариев докторҳои илми фалсафа, Зикров Ҳ, ва Р. Давлатов номзадҳои илми фалсафа бо дастгирӣ аз матлаби Носир Салимӣ ва Холмаҳмад Самеъ дар мақолае бо номи “Пешво ифодагари ваҳдату қудрати давлат аст”, иддао карданд, Эмомалӣ Раҳмон шоистаи пешвои миллат ном гирифтан мебошад.
Аммо Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улуми Тоҷикистон он замон дар матлабе, ки “Дурнамои идеяи “пешвои миллат” дар Тоҷикистон” унвон дошт, ба пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон мухолифат кард. Пажуҳандагони ин Маркази Академияи илмҳо гуфтанд, тарҳи мавзӯи “Пешвои миллат” метавонад дар раванди демократикунонии ҷомеа саддеро ба вуҷуд оварда, ояндаи давлатдории дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро зери суол гузорад: “Зеро дар ҳеч як кишвари демократӣ чунин масъалагузорӣ дурнамои рушди ҷомеаро муайян накардааст ва нахоҳад кард, чунки ҳар давлати демократӣ такя ба мардум мекунад ва ҳукуматҳои ин гуна давлатҳо аз иродаи мардум сарчашма мегиранд”.
Ахиран, Ҳаким Абдуллоҳ Раҳнамо, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар матлабе таъкид кард, “мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан”. Ӯ афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ин пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.