Хабари кушта шудани як моҳигири тоҷик ба дасти “Толибон”
Мақомоти маҳаллии вилояти Тахори Афғонисто аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон аз дасти ҷангиёни “Толибон” хабар додаанд.
Сунатуллоҳ Темур, сухангӯи волии Тахор гуфтааст, ду шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 4 декабр дар рӯдхонаи марзии вулусволии Дарқади вилоят дар ҳоли моҳигирӣ будаанд, ки “Толибон” ба сӯи онҳо тирандозӣ кардаанд. Ба иттилои ӯ, яке аз ин моҳигирҳо ба ҳалокат расида, дигарӣ захм бардоштааст. Вазъияти нафари маҷруҳшуда вахим гузориш шуда, ба иттилои расида, тавассути неруҳои марзии Тоҷикистон ба бемористон мунтақил шудааст.
Сунатуллоҳ Темур ба Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфта, шояд моҳигирони тоҷик аз тасарруфи ин вулусволӣ ба дасти “Толибон” хабар надоштаанд.
Мақомоти Тоҷикистон феълан ин иттилоъло тасдиқ ё рад накардаанд.
Вулусволии Дарқад яке аз вулусволиҳои вилояти Тахори Афғонистон дар шимоли ин кишвар ҷойгир ва бо Тоҷикистон ҳаммарз аст. Ин ноҳияи шимоли Афғонистон маҳсур дар обҳои дарёи Омӯ мебошад.