Довари сатҳи байналмилалии тоҷик як умр аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуд
Кумитаи интизомии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Парвиз Муртазоев, довари 27-солаи тоҷикро барои ҳамешагӣ аз ҳаққи доварӣ маҳрум кардааст.
Сомонаи ин ниҳоди варзишӣ дар иттилоияе, ки рӯзи панҷуми декабр нашр кард, навишта, довари тоҷик дар қасди дахолат ба натоиҷи бозии қаҳрамонии Осиё-2015 миёни дастаҳои (U-19) Малдив ва Тоҷикистон айбдор мешавад. Ба хабари манбаъ, Парвиз Муртазоев ба ҳайси ҳамоҳангсози ин бозӣ, талош кардааст, довари асосии ин бозиро “бихарад”. Ҳамроҳ бо ин довари тоҷик 4 бозигари непалӣ ҳам дар робита ба тақаллубҳои гуногун дар тӯли солҳои 2008 -2012 якумра аз бозӣ маҳрум шудаанд.
Қувваозмоӣ миёни тимҳои Тоҷикистон ва Малдив, ки нозирии онро Парвиз Муртазоев бар уҳда дошт, 6 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, 8:0 анҷом ёфт.
Қарори КФО дар ҳолест, ки 16 октябр кумитаи интизомии ин ниҳод барои тафтиши рафтори ин довари тоҷик ӯро барои 30 рӯз аз ҳаққи нозирӣ маҳрум сохта гуфта буд, мумкин аст ба ин рақам 20 рӯзи дигар зам шавад.
Парвиз Муртазоев довари дараҷаи байналмилалӣ мебошад. Ӯ дар миёни 11 довари сатҳи байналмилалии Тоҷикистон барои соли 2015 қарор дошт.