Зимни як санҷиш аз тарафи кормандони кумитаи андоз дар кӯчаи Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур, дар назди истгоҳи «Роҳи оҳан» як контейнер бо 3 564 адад машруботи спиртӣ боздошт карда шуд.
Тавре ба «Озодагон» аз ин кумита хабар доданд, зимни амалиёт автомашинаи тамғаи «Газел», таҳти идораи Ҷӯрақулов дастгир гардид. Тибқи маълумоти ронанда, контейнер танҳо барои нигаҳдорӣ кардани маҳсулот истифода гардида, машруботи спиртӣ ба мағозаҳои пойтахт ба савдо бароварда мешудааст. Ҳангоми сӯҳбат ронанда аз гуфтани ному насаби соҳиби машруботи спиртӣ худдорӣ кард.
Манбаъ афзуд, тафтиш маълум сохт, ки соҳибмулк дар анбори мазкур фаъолияти соҳибкории худро бе қайди мақомоти андоз ба роҳ мондааст. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки нӯшокиҳои спиртии ғунҷоишашон 0,5 литра аз вилояти Хатлон бе тамғагузории аксизӣ ба шаҳри Душанбе ворид карда шудааст. Маҳсулоти боздоштгардида дар асоси моддаи 7 кодекси андози Тоҷикистон мӯҳрбандӣ ва зарфҳои машруботи спиртии дар даруни контейнербуда мусодира карда шуд.{jathumbnail off}