Масъули “Россия сегодня” баъди бозхондаш аз Тоҷикистон дар Арманистон мансаб гирифт
Дмитрий Писаренко, ки чанд муддат масъули хабаргузории байналмилалии “Россия сегодня” дар Тоҷикистон буд, раҳбари бахши армании ин пойгоҳи иттилоърасонӣ таъйн шудааст.
Торнамои “Sputnik”-и Арманистон, ки бахше аз МИА “Россия сегодня” мебошад, гуфтааст, раҳбари нав як чеҳраи шинохта на танҳо дар Арманистон, балки берун аз он аст. “Ӯ дар Қафқози шимолӣ, минтақаҳои гуногуни Русия ва ҳатто дар Тоҷикистон кор кардааст”,-навиштааст манбаъ.
“Россия сегодня” қаблан эълон кард, Дмитрий Писаренкоро аз Тоҷикистон бозхондааст. Аз дафтари матбуоти ин пойгоҳи хабарӣ 23 ноябр ба “Озодагон” иттилоъ доданд, “роҳбарият тасмим гирифт, Дмитрий Писаренко, роҳбари намояндагии “Россия сегодня”-ро аз Душанбе бозхонд кунад, чун тайи як сол ҷониби Тоҷикистон барои ифтитоҳи намояндагии “Россия сегодня” дар Тоҷикистон созиш накард”.
МИА “Россия сегодня” дар пайи як қарори раисиҷумҳури Русия -- Владимир Путин охирҳои соли 2013 дар заминаи хабаргузории ҳукуматии “РИА Новости” ва радиои “Голос России” таъсис ёфт. Намояндагии он дар бисёре аз кишварҳои собиқ шӯравӣ фаъол аст, аммо дар Тоҷикистон ҳанӯз иҷозаи расмии корро дарёфт накардааст.