Ташкилоти “Гули сурх”: Занони гирифтори СПИД бештар шудаанд (ВИДЕО)
Давоми соли ҷорӣ 2 ҳазору 300 зан ба бемории ВИЧ/СПИД ё худ ВНМО гирифтор шудаанд, ки ба гуфтаи мутахассисон аксари онҳо аз шавҳарони муҳоҷири худ сироят ёфтаанд.
Севара Комилова, роҳбари ташкилоти “Гули сурх” дирӯз, 4 декабр дар конфронси бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД теъдоди занони ҳомилаи гирифтори ВНМО-ро бештар аз 200 нафар гуфт. Ба иттилои ӯ, 5 тан аз занони зиндонӣ дар маҳбаси шаҳри Норак ҳам мубталои ВИЧ/СПИД мебошанд.
Баргузоркунандагони ин конфронс аз афзоиши мутталоҳои ВИЧ/СПИД миёни занони бекор нигаронӣ карданд. Севара Комилова мегӯяд, “мо ният дорем санадеро бо ҳафади коҳиш додани мушкилоти занон омода намуда ба Кумитаи занон пешниҳод кунем то ин ки занони бекор бо ҷои кор таъмин гарданд.”
Таҳмина Ҳайдарова, роҳбари созмони ҷамъиятии “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” мегӯяд, ҷомеаи мо барои қабули занони мубталои бемории СПИД омода нест: “Вақте мебинанд, ки як зан ба бемории ВНМО гирифтор аст, фикр мекунанд шояд ӯ аз роҳи фоҳишагӣ ба ин чиз расидааст, вале чунин нест. Аз ин рӯ, онҳо наметавонанд бемории худро ифшо кунанд. Дар ин ҳолат, ҳатто, наздиконашон онҳоро қабул намекунанд. Ҳаст ҳолатҳое, ки ин беморӣ ба зан аз шавҳари муҳоҷираш мегузарад.”
Ҳалима Зокирова, мутахассис ва равоншиноси Маркази ВНМО-и ноҳияи Ҳисор мегӯяд, дар ин ноҳия 234 нафар гирифтори ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 156 нафар мард ва 78 тани дигар занон мебошанд: “Нашъамандони тазриқӣ 64 нафар, бо роҳи алоқаи ҷинсӣ 123 нафар, бо сабабҳои номаълум 39 нафар, аз модар ба кӯдак 8 нафар ба қайд гирифта шудааст”.
Ӣа гуфтаи ӯ, аз соли 2008 то имрӯз дар ин марказ 53 нафар аз бемории ВНМО фавтида ва дар соли равон 43 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст: "Соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҳисор 22 нафар зан аз шавҳарони муҳоҷири худ гирифтори СПИД шудаанд, ки аксари онҳо соҳиби 3-4 фарзанд мебошанд”.
Дар акс Севара Комилова