Баъди Садриддину Ғазал. “Ҷони ман”-ро Муҳаммадрофеву Юлдуз суруданд (ВИДЕО)
Муҳаммадрофеи Кароматулло, овозхони попи тоҷик таронаи нави худро дар ҳамовозӣ бо Юлдуз Усмонова, сарояндаи номовари узбак муаррифӣ кард.
Ин суруд “Ҷони ман” ном дошта, чанде пештар ба Садриддини Наҷмиддин, хонандаи саршиноси тоҷик ва Ғазал Иноят, сарояндаи афғон шуҳрат оварда буд. “Ҷони ман” таронаест, ки онро бори нахуст тақрибан дар 30 соли пеш шодравон Кароматуллоҳи Қурбон, падари Муҳаммадрофеъ ва Ширинмоҳ Ниҳолова иҷро кардаанд. Матни ин суруд ба Лоиқ Шералӣ, шоири тавонои муосири тоҷик таалуқ дорад.
Клипи таронаи мазкур дар иҷрои Садриддину Ғазал танҳо давоми се моҳ дар Ютуб беш аз миллион маротиба тамошо гардид.
"Ҷони ман" дар иҷрои Кароматуллоҳ ва Ширинмоҳ