ФИФА: Тоҷикистон мавқеашро 17 зина беҳтар кардааст
Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар раддабандии тозааш мунтахаби футболи Тоҷикистонро дар ҷойи 143-ум нишондааст.
Тибқи раддабандии FIFA, ки 3 декабр нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон бо 196 имтиёз мавқеашро 17 зина беҳтар карда, мақоми 143-ро соҳиб шудааст. Моҳи гузашта тими миллии кишвар дар ҷойи 169-ум қарор дошт. Беҳтарин нишондоди мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 буд.
Дар раддабандии нав миёни кишварҳои минтақа Узбакистон дар мақоми 74-ум пештоз мебошад. Қазоқистон дар ҷои 129, Туркманистон – 119 ва Қирғизистон дар зинаи 108-ум қарор гирифтааст.
Дар садри рейтинг тими миллии Белгия қарор дорад. Дар ҷойи дуюм Аргентина ва мақоми сеюмро Испания соҳиб шудааст. Олмон, Чили, Бразилия, Португалия, Колумбия, Англия ва Австрия шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.
Раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб ҳар моҳ таҳия мегардад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаб дода мешавад.