Дар пойтахти Русия ҷаласаи 40-уми Шӯрои электроэнергетикии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.
Дар ин бора аз вазорати энегетика ва саноати Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Зимни ин нишаст, масоили ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи электроэнергетика, аз ҷумла рафти тайёрии системаҳои электроэнергетикии миллии кишварҳои ИДМ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва маҷмӯи ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи электроэнергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Манбаъ афзуд, дар ин ҳамойиш аз ҷониби Тоҷикистон Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат ширкат намуда, зимни баромадаш роҷеъ ба маҷмӯи иқтидорҳои тавлидотии нерӯи барқи Тоҷикистон ва идомаи бунёди иқтидорҳои иловагии истеҳсоли барқ ва хатҳои интиқоли барқ дар кишвар суханронӣ намудааст. Сарчашмаи хабар иттилоъ дод, ки дар анҷоми ҷаласа аз ҷониби иштироккунандагон зарурати истифодаи самараноки нерӯи барқ ва густариши ҳамкориҳои бештари давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи электроэнергетика таъкид гардидааст.{jathumbnail off}