Владимир Путин гуфт, танҳо Аллоҳ медонад, ки чаро Туркия ҳавопаймояшонро сарнагун кард (ВИДЕО)
Раисиҷумҳури Русия гуфтааст, танҳо Аллоҳ медонад, ки туркҳо барои чӣ ҷангандаи русиро сарнагун кардаанд.
Владимир Путин аснои суханронӣ дар маҷлиси федеролии кишвараш имрӯз, 3 декабр ба қазияи сарнагун шудани ҳавопаймояш аз сӯи ҷангандаи Туркия дахл карда, гуфтааст, ӯ ба дарки ин амалкарди туркҳо нарасид. “Метавонистем ҳар мушкил ва таноқузро ҳал кунем. Мо омода будем дар заминаи ҳамкорӣ бо онҳо аз муттаҳидонаш ҳам фаротар биравем”,-гуфтааст Путин.
Ӯ дар идома афзуда, “танҳо Аллоҳ медонад чаро онҳо ба ин кор даст заданд. Ва бо маҳрум карданашон аз ақлу андешаи қишри ҳоким онҳоро муҷозот кард”.
Владимир Путин изҳор дошта, ҷомеаи ҷаҳонӣ вокуниши боасабониятро аз Русия интизор надошта бошад: “Қарор нест, ки мо силоҳ ба даст гирем”. Ӯ инчунин таъкид кардааст, ки “Русия дар Туркия дӯстони қарин ва қобили эътимод дорад. Онҳо бояд бидонанд, ки мо онҳоро ҳамчун қишри ҳокими Туркия намешуморем”.