Мулло Мансур ҷароҳати сангин бардоштааст
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, Мулло Ахтар Мансур, раҳбари “Толибон” дар пайи як баҳси лафзӣ миёни раҳбарони ҷангҷӯён дар Покистон, ки ба тиркушоӣ анҷомидааст, ҷароҳати вазнин бардоштааст.
Султон Файзӣ, сухангӯи муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, Мулло Мансур дар беморхона бистарӣ шудааст. Аммо Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи “Толибон” ин хабарро рад кардааст.
Мулло Мансур аз моҳи июл ба ин сӯ раҳбарии гуруҳи “Толибон”-ро бар дӯш дошт. Тобистони имсол мақомоти Афғонистон дақиқ карданд, ки раҳбари собиқи “Толибон” Мулло Умар ду сол пеш дар Карочии Покистон фавтидааст. Баъди ошкор шудани марги Мулло Умар миёни “Толибон” ихтилоф сар зад. Қисме аз фармондеҳон раҳбарии Мулло Мансурро эътироф накарданд.
Бино бар иттилои мақомоти Афғонистон, Мулло Мансур дар мулоқоте дар шаҳри Кветаи Покистон, ки эҳтимол меравад шӯрои раҳбарикунандаи толибон он ҷо қарор дорад, ширкат мекард. Тавре сухангӯи муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон хабар медиҳад, Мулло Мансур бо Мулло Абдулло Сардорӣ – яке аз фармондеҳони Толибон хархаша кардааст.