Корхонаи тиллои "Зарафшон" дучори мушкили молӣ шудааст
Кумитаи андози Тоҷикистон дар пайи як баҳси молӣ суратҳисоби корхонаи муштараки “Зарафшон”-ро, ки ба истихроҷи тилло машғул аст, маҳдуд кардааст. Дар ин бора Исмоил Зарифӣ, як корманди корхонаи мазкур ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, “давоми як моҳ ягон навъи маҳсулот ба корхона ворид нашудааст ва як сомонии ба суратҳисоби корхона гузаштаро Кумитаи андоз мегирад”.
Оқои Зарифӣ гуфт, кормандон маоши моҳи октябрро нагирифтаанд: “Танҳо шӯъбаи хуроки умумии корхона давоми ин қазия аз бозору мағозаҳо 500 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст”.
Чун Ша Дин, раҳбари корхона ҳам дар як суҳбати телефонӣ таъйид кард, ки бо далели дар ҳисоб набудани маблағ кормандон ҳақмузди худро нагирифтаанд. Ӯ гуфт, барои ҳалли ин мушкил ба Душанбе омадааст ва қарор аст бо намояндаҳои Кумитаи андоз мулоқот намояд.
Сабаби маҳдуд шудани суратҳисоби корхонаи “Зарафшон” 200 миллион сомонӣ қарзи он аз ҳисоби андоз гуфта мешавад. Талошҳо барои дарёфти шарҳи масъулини Кумитаи андоз то ин вақт бенатиҷа буд.
Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин -- “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир буда, яке аз корхонаҳои бузурги истихроҷи тилло ба шумор меравад.