Зимнан дар баёнияи ҳукумати кишвар гуфта мешавад, ки ҷавобан ба ин дархост бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ асосноккунии техникию иқтисодӣ ва арзёбии таъсири экологию иҷтимоӣ муваффақона сурат гирифта, ҳамзамон ду гурӯҳи коршиносони мустақили байналмилалӣ, яке аз рӯи масъалаҳои дорои хусусияти техникию иқтисодӣ ва бехатарии сарбанд ва дигаре аз рӯи хусусияти иҷтимоию экологӣ кор мекунанд. Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи тадқиқоти зикршуда бо мушовирони байналмилалӣ, гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ, Бонки Ҷаҳонӣ ва аҳли ҷамъияти кишварҳои поёноб самарабахш ҳамкорӣ дорад. Маълумоти зикршуда доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла, масоили бехатарӣ, талофият, мӯҳлати бо об пур кардани обанбор, идораи захираҳои об, таъсири иҷтимоию экологиро фаро гирифта, биноан муболиғаҳои паҳнкардаи баъзе ҷонибҳо набояд хавферо ба миён оранд. Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи мувофиқа бо мушовирони байналмилалӣ, гурӯҳи коршиносон ва мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони тамоми маҷмӯи лоиҳаро баррасӣ менамояд ва сухан дар бораи ягон сохтмони фосилавии марҳилаи аввали НОБ намеравад. Тоҷикистон барои анҷоми муваффақонаи арзёбӣ ба мушовирони байналмилалӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда ва интизори натиҷаи таҳқиқи байналмилалӣ шуда, ҳамзамон корҳои тармиму таҷдидро дар ҳудуди НОБ-и Роғун роҳандозӣ мекунад. То имрӯз байни консорсиум ва ҷониби Тоҷикистон ягон ихтилофоти ҷиддӣ вуҷуд надошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амри татбиқи лоиҳаи мазкур умуман ҷонибдори аҳду паймонҳои қаблӣ буда, принсипҳои шаффофият ва идораи корпоративиро тарафдорӣ карда, қоидаҳои амалкунандаи Бонки Ҷаҳониро риоя менамояд.{jathumbnail off}