Абдулмӯъмин Шарифӣ аз Қазоқистон бо ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” баргашт
Абдулмӯъмин Шарифӣ, ҳунарпешаи “Театри ҷавонон” дар ҷашнвораи байналмилалии “Тунгушбай ал Таразӣ” ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона”-ро ба худ ихтисос додааст.
Ин ҷашнвора 27 ва 28 ноябр дар шаҳри Тарази Қазоқистон баргузор шуда, Тоҷикистон намоишномаи “Шабе дур аз Ватан”-ро намоиш додааст. Дар ин ҷашнвора аз чаҳор давлат- Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон 8 театр иштирок доштанд.
Оқои Шарифӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҷашнвораи мазкур бо ибтикори ҳунарпешаи халқии Қазоқистон маҳз ба хотири баҳогузории нақши мардона созмон ёфтааст.