Пешниҳоди Зуҳуров ба сафири Қувайт дар мавриди тарҳрезии барномаи ҳамкориҳо
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2 декабр дар мулоқот бо Наваф Абдулазиз Аленезӣ, сафири Қувайт дар Душабе рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, парлумонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илму маорифро баррасӣ кардааст.
Муҳамадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” иттилоъ дод, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, миллати тоҷик ва арабро арзишҳо ва умумияти динӣ ба ҳам муттасил кардааст ва ин умумиятҳои муштарак метавонад ҳамчун омили муҳиме дар тақвияти муносибатҳои гуногунсоҳаи дуҷониба хидмат кунад. Шукурҷон Зуҳуров қайд намудааст, Қувайт яке аз кишварҳои муътабар ва бо нуфузи араб аст ва Тоҷикистон дар сиёсати хориҷияш ба ин муносибатҳо аҳамияти бузург медиҳад: “Хушбахтона ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва давлати Кувайт ба марҳилаи сифатан нав расидааст. Бисёре аз вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои мо мустақиман ё аз тариқи Фонди кувайтии рушд бо якдигар кор мекунанд”.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба роҳ мондани равобит ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Қувайтро омили асосии эҷоди фазои ҳуқуқии солим дар кишварҳои якдигар ҷиҳати рушди муносиботи гуногунҷанба миёни ҷонибҳо хондааст: “Бояд гуфт, ки мо тамоми имкониятҳоро барои густариши ин ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо мавриди назар дорем, танҳо зарур аст ба раванди корҳо суръати бештар бахшида, барои татбиқи Созишномаҳои ба имзо расидаи миёни ду кишвар камари ҳиммат бандем”.
Миёни Тоҷикистон ва Қувайт 11 Созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни кишварҳоямон тамоми асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Вақти он расидааст, ки барои амали созии ин пояи қарордодӣ иқдомоти ҷиддӣ сурат гирад. Шукурҷон Зуҳуров қайд намудааст, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии байни Тоҷикистон ва Қувайт ба имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ду давлат ҷавобгӯ буда наметавонад: "Мо пешниҳод дорем, ки бо кӯшиши ҳар ду ҷониб барномаи ҳамкориҳо барои солҳои муайян (барои мисол 2015 - 2020) тарҳрезӣ шавад".
Манбаъ мегӯяд, раиси Маҷлиси намояндагон аз сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Давлати Қувайт ибрози қаноатмандӣ намуда, саҳми ин кишварро дар рушди арсаи иқтисодии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кардааст: “Вазорат ва сохторҳои дахлдори кишвари мо омодаанд, ки ба Шумо лоиҳаҳои ҷолибро дар самтҳои зерини авлавиятнок: кушодани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни ду кишвар, сохтмони мактабҳо ва манзилҳои нави истиқоматӣ бо ҷалби сармояи Давлати Кувайт, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди асал, мева, сабзавот ва гӯшту шир бо мақсади содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр ба Давлати Кувайт, интиқоли оби нӯшокӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, нафту газ, металлургияи ранга ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, ҳамкорӣ дар соҳаи чорводорӣ ва моҳипарварӣ, ҳамкорӣ дар бахши рушди кооператсияи истеҳсолӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маводди сохтмонӣ ва дизайнерӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои бонкӣ, андоз, сармоягузорӣ, суғурта ва туризм, танзими фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар, ҳамкорӣ дар соҳаи илм, фарҳанг ва маориф пешниҳод созанд”.