Мирзохӯҷа Аҳмадов: Эмомалӣ Раҳмонро пешвои миллат мехонам
Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва сардори собиқи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар Рашт гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро пешвои миллат медонад.
Ӯ, ки ҳоло раҳбарии хоҷагии деқониро бар уҳда дорад, ба нашрияи “Тоҷикистон” гуфта, “ман Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои он пешвои миллат мехонам, ки сари ятимонро пайваста сила мекунад. Ба пирону мазлумон таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Онҳоро падарона дилбардорӣ намуда, кумаки моддиро барояшон дареғ намедорад”.
Мирзохӯҷа Аҳмадов дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 эълон карда буд, аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои сиёсӣ ҷонибдорӣ мекунад.
Оқои Аҳмадов дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз фармондеҳони неруҳои мухолифин дар водии Рашт буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳ ба курсии сардори Шӯъбачаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин минтақа нишаст. Соли 2008 Аҳмадов ва зердастонаш ба қатли Олег Захарченко, муовини фармондеҳи ОМОН айбдор шуданд. Аммо ин масъала бо дахолати раисиҷумҳур ва халъи силоҳи афроди Аҳмадов ҳал шуд. Соли 2010 дар пайи амалиёти махсуси неруҳои давлатӣ алайҳи гуруҳҳои Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло Раҳимов номи Мирзохӯҷа Аҳмадов дигарбора расонаӣ гардид. Ӯ ба ҳамдастӣ ва паноҳ додан ба ҷангиёни Мулло Абдулло айбдор шуд, аммо баъдан эълон шуд, бо мақомот ҷиҳати безарар гардонидани одамони Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ ҳамкорӣ дорад.
Таъкиди фармондеҳи пешини Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ба пешвои миллат хондани Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл, Ҳаким Абдуллоҳ Раҳнамо, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар матлабе навишт, пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.
Пешниҳоди пешвои миллат унвон додани Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли равон аз сӯи Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон садо дода буд.