Номнависӣ ва огоҳии занони ҳиҷобпӯш дар Узбакистон: Ин кор дар чорчуби мубориза бо ДИИШ сурат мегирад
Дар Узбакистон занони ҳиҷобпӯшро дар рӯйхати махсус номнавис мекунанд. Дар ин бора расонаҳои ин кишвар хабар дода гуфтаанд, аз ин занҳо хоста мешавад, зери огоҳномаи манъи пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъияӣ имзо гузоранд.
Сурат Икромов, вакили мудофеъ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, дар бораи он ки занони ҳиҷобпӯшро ба идораи пулис даъват мекунанд, иттилоъ доранд. Ба қавли ӯ, “аммо ҳеч далеле дар даст надорем, ки онҳо дар дафтари пулис мавриди фишор қарор мегиранд ё хайр. Занони ҳиҷобпӯш зери огоҳинома имзо мегузоранд ва пулис гузориши худро аз вуҷуди чунин занон ба мақомоти боло ироа мекунад. Ин кор дар доираи мубориза бо “Давлати исломӣ” сурат мегирад”.
Санаи 19 ноябр расонаҳои Узбакистон аз боздошти 200 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Фағона, Хоразм ва Қашқадарё ба ҷурми пайвастан ба ДИИШ хабар доданд.